Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян

31.08.2017 14:03, Чин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Кетсян мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ аз раванди рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, мусоҳибон изҳор доштанд, ки истифодаи имконоту захираҳои истифоданашуда дар ин самт ва дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, метавонад ба манфиати ду ҷониб бошад.

Таклифу пешниҳодҳои судманд атрофи иштироки фаъоли ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан ва лӯлаҳои интиқоли газ, лоиҳаи бунёди хат ҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду навсозии иншооти инфрасохтории гуногун баён карда шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна, навсозӣ ва таҷдиди роҳҳои пайвандсози ду давлат, таъсиси паркҳои саноатию технологии муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди металл ва маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Чин, таҳкими ҳамкориҳои молиявию қарзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвари мо табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520