Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева

25.11.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот намуд.

Дар вохўрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки интихоботи парлумонии Қирғизистон дар фазои орому осудаи сиёсӣ баргузор гашт, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: - «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори оромию субот дар Қиғизистони ҳамсоя буд ва мемонад».

Роза Отунбоева ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили хуб ва дар сатҳи хеле баланд барпо намудани ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва муҳайё кардани шароити мусоид барои баррасии масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори сипос намуд.

Ба сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва заминаи мусоиди қарордодӣ-ҳуқуқии он баҳои баланд дода, сарони ду давлат таъкид бар он доштанд, ки сохторҳои дахлдори ҳарду ҷониб бояд барои истифодаи босамар аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду талош намоянд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи ба ҳам мувофиқ доранд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520