Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез

02.12.2010 16:00, Қазоқистон

Зимни сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон Испанияро «яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, аз ҳамгироии ду кишвар дар чаҳорчўби эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мануэл Чавес Гонсалез «Тоҷикистонро кишвари аз ҷиҳати стратегӣ муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки «Испания тасмим дорад дар шаҳри Душанбе сафорати худро боз намояд». Ҷониби Тоҷикистон низ ба ифтитоҳи сафорати худ дар шаҳри Мадрид изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мануэл Чавес Гонсалез аз номи ҳукумати Испания ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Аз ҳамкории сиёсии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарду ҷониб таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузориро, аз ҷумла дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли гидроэнергетика ва ҳамчунин дар соҳаҳои кишоварзӣ ва туризм, матлуб маънидод карданд.

Ба гуфти Мануэл Чавес Гонсалез, ширкатҳои бонуфузи Испания ба истифодаи муштарак аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон манфиатдор мебошанд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо, сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520