Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш

16.08.2017 12:07, ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир карданд. 

Маркази табобатӣ бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири солимии ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ роҳбари Хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб” Қурбоналӣ Юсупов дар давоми 1 сол бунёд мегардад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори ватандӯст иттилоъ дод, ба хотири дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ ва мусоидат баҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар маркази табобатӣ нав хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.

Бинои маркази табобатӣ чорошоёна хоҳад буд ва дар сурати пурра ба истифода додани он беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то чорум беш аз 25 синфхонаи таълимӣ, 15 утоқи корӣ, наздики 70 кати хоб барои беморон, хобгоҳ ва толори маҷлис сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш иқдомҳои шоиста намуда, дар ҳудуди ҷамоат якчанд иншооти муҳими таълимӣ, хизматрасонию маиширо ба истифода дода буданд.

Президенти мамлакат ба ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи соҳибкорон изхори сипос карда, ба онҳо дар ин кори пуршараф барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар хаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш мулоқот карда, фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ намуданд.

Сарвари давлат бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия минбаъд низ аҳлона заҳмат кашида 26 солагии истиқлолияти давлати хешро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520