Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон дар маркази ноҳияи Вахш

16.08.2017 09:56, ноҳияи Вахш

Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳа 38 миллион сомониро ташкил дода, барои 3000 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, маҷлисгоҳ, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ҳамзамон дар шафати бинои Коллеҷ барои 400 нафар хобгоҳ сохта мешавад, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино 8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шудааст.

Бо мақсади фароҳам сохтани шароити арзандаи таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёд карда мешаванд.

Баъди бунёди Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон имкон фароҳам мегардад, ки барои ин минтақаи аграрии кишвар мутахассисони варзидаи соҳа омода карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520