Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён

04.08.2017 09:35, ноҳияи Шаҳритус

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакатро самти асосии фаъолияти худ эълон кардааст.

Шиносоии имрӯза бо пешрафту дастовардҳои сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён дар солҳои соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ин гӯшаҳои диёрамон хеле обод гардида, шароити зиндагии мардум торафт беҳтар шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар доираи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус даҳҳо лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ амалӣ гардида, қариб 70 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Аммо корҳои тибқи барнома анҷомёфта ҳамагӣ 33 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳанд, ки чунин вазъ гувоҳи самаранок истифода нагардидани захираву имкониятҳои зиёди ноҳия мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки бо мақсади иҷрои босифат ва саривақтии барномаи рушд бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро таъмин намоянд.

Аз соли 2006 то ба ҳол барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз буҷети давлат 350 миллион сомонӣ ҷудо гардида, илова бар ин, 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 63 миллион сомонӣ татбиқ шудааст ва азхудкунии маблағҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигар идома дорад.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки бақияи қарзи андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфта, ҳоло беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ ва иҷро нашудани нақша оид ба дастгирии бахшҳои иҷтимоӣ мегардад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро бо соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.

Тибқи таҳлилҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Қубодиён низ мунтазам беҳтар гардида, хусусан, солҳои охир бо заҳмати аҳлонаи сокинон симои ноҳия хеле дигаргун шудааст.

Амалисозии барномаҳои инкишофи соҳавию минтақавӣ имкон додаанд, ки дар ноҳия як силсила корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шавад.

Бунёд гардидани корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти муосир, роҳу пулҳои нав ва муассисаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ далели рушди устувори ноҳия ва натиҷаи саъю талоши мардуми заҳматдӯсти он мебошанд.

Танҳо дар 10 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Қубодиён қариб 450 миллион сомонӣ равона гардида, 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шудааст ва 5 лоиҳаи дигар дар ҳоли амалисозӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар се соли оянда аз буҷети давлат барои соҳаҳои иҷтимоӣ, бахши кишоварзӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва дастгирии буҷети маҳаллӣ 184 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020 амалисозии 103 лоиҳа ба маблағи умумии 109 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки раванди иҷрои барномаи мазкур чандон қаноатбахш нест ва зарур аст, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ҳарчи зудтар бартараф ва иҷрои нишондиҳандаҳои барнома таъмин карда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли гузашта дар ноҳияи Шаҳритус ба маблағи 563 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2006-ум 229 миллион сомонӣ ё қариб 50 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 10 соли охир мунтазам афзоиш ёфта, бахусус, дар ин давра истеҳсоли ғалладонаву картошка, сабзавоту полезӣ ва меваю ангур бамаротиб зиёд шудааст.

Ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ низ тадриҷан афзудааст. Дар баробари ин пешравиҳо, истеҳсоли пахта, ки яке аз навъҳои асосии маҳсулоти содиротӣ ва манбаи хуби ҷойи корӣ мебошад, дар соли 2016 нисбат ба соли 2006 қариб 8 ҳазор тонна кам гардидааст.

Се сол қабл ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия дар назди роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута доир ба ҳалли як қатор масоили ҳалталаб, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати мелиоративии панҷуним ҳазор гектар замин вазифаҳои мушаххас гузошта будем.

Аммо тибқи маълумот то ба имрӯз дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида нашудаанд.

Ҳоло бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ ва шӯршавию ботлоқшавӣ дар ноҳия зиёда аз панҷ ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ба партов мубаддал гардидааст.

Дар шароити имрӯза, ки бо мақсади ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода шавад, чунин вазъ, яъне бекор мондани ҳазорҳо гектар замин нишонаи саҳлангориву бемасъулиятӣ мебошад.

Ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва ноҳия бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда чораҳои бетаъхир андешида, доир ба корҳои амалигардида то охири соли ҷорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус барои рушди соҳаи моҳипарварӣ шароиту имкониятҳои бисёр мусоид мавҷуданд ва Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Моҳии Тоҷик” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳои зикршуда бояд бо ҷалби соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳо рушди моҳипарварӣ ва зиёд кардани истеҳсоли моҳиро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён вазифадоранд, ки бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои корам, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, васеъ кардани майдони меваҳои ситрусӣ, пешрафти бахшҳои тухмипарварӣ ва зотпарвариву парандапарварӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки доир ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва истеҳсоли меваҳои ба содирот нигаронидашуда, васеъ намудани майдони гармхонаҳо, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Полвонтуқайи ноҳияи Қубодиён чораҷӯӣ карда шавад.

Қобили ёдоварист, ки дар гузаштаи начандон дур сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён дар соҳаи азхудкуниву истифодаи замин ва умуман, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, хусусан, пахтакорӣ таҷрибаву шуҳрати зиёд дошта, намунаи ибрати бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар буданд. Итминон дорам, ки солҳои наздиктарин ин шуҳрати деҳқонони асили ноҳияҳои зикршуда барқарор хоҳад шуд.

Шумо хуб медонед, ки дар ҳар ду ноҳия барои аз заминҳои обӣ гирифтани се ҳосил ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шароиту имкониятҳои беҳтарин мавҷуданд ва зарур аст, ки ба ин масъала низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Соли 2015 аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент 3 километр роҳи дохилии ноҳияи Қубодиён таъмир гардида, соли гузашта низ дар самти таъмиру нигоҳдории роҳҳо як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорон 29 километр роҳ ва 3 пул азнавсозӣ карда шудааст.

Вале айни замон қариб 40 фоизи роҳҳои ноҳия ба таҷдиду барқарорсозӣ ниёз доранд.

Бо дарназардошти ин, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон ва аҳолӣ барои таъмиру таҷдиди роҳу пулҳои ҳудуди ноҳия тадбирҳои иловагиро амалӣ созанд.

Илова ба ин, тибқи нақша дар соли 2018 дар ноҳияи Қубодиён сохтмони ду иншоот, аз ҷумла сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматии 48 - ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ дар маркази ноҳия ва бунёди бинои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав пешбинӣ гардидааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Ноҳияи Шаҳритус барои пешрафти саноат, аз ҷумла дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ,коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дӯзандагиву ҳунарҳои дастӣ шароиту имкониятҳои хуб дорад, вале соли гузашта суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия нисбат ба соли 2015 ҳамагӣ 0,7 фоиз ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1,5 фоизро ташкил кардааст.

Дар се соли охир ҳамагӣ 5 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ таъсис дода шуда, ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 22 расидааст, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия хеле кам мебошад. Аз шумораи зикршуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 12 корхона фаъолият кардааст, ки чунин вазъро ҳаргиз қонеъкунанда ҳисобидан мумкин нест.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва ноҳия, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва дигар сохтору мақомоти дахлдор барои ислоҳи чунин вазъ ва дар навбати аввал, бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳия низ мушкилоту камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Бо вуҷуди супоришҳои қаблӣ аз 134 километр роҳҳои мошингарди ноҳия то имрӯз ҳамагӣ сеюним километри онҳо таъмир карда шудааст.

Илова бар ин, соли 2015 тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи 4 миллион сомонӣ қариб 3 километр роҳи дохилии ноҳия азнавсозӣ гардидааст.

Андешидани чораҳои зарурӣ доир ба ҳалли ин масъала, яъне таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии ноҳия вазифаи Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия мебошад.

Ҳарчанд ки ҷиҳати иҷрои супориши дар сафари қаблӣ доир ба таъмини рушди соҳаи саноати ноҳия додашуда то имрӯз як корхонаи хиштбарорӣ ва якчанд коргоҳҳои коркарди маҳсулоти чорво ва қолинбофии дастӣ таъсис дода шудаанд, аммо ин барои ноҳияи сераҳолӣ нокифоя буда, наметавонад масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолиро ҳаллу фасл намояд.

Илова бар ин, фаъолияти самараноки коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардида, соли гузашта ва шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ аз 21 корхонаи саноатӣ 10 корхона фаъолият накардааст.

Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин, дигар сохтору мақомоти дахлдор бояд ҷиҳати ислоҳи чунин вазъ, яъне ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шаҳритус 19 бинои нави таълимӣ бо панҷуним ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, дар солҳои 2017-2021 бунёду азнавсозии 12 муассисаи таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта барои зиёда аз 8000 нафар хонанда, ду муассисаи замонавии таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд барои 1800 ҷойи нишаст, бинои шуъбаи маориф, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 аз ҳисоби сармояи хориҷӣ маблағи зарурӣ ҷалб гардидааст.

Маблағгузории соҳаи маорифи ноҳияҳои Шаҳритус сол аз сол зиёд гардида, ҳаҷми он соли гузашта ба 19 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба даҳ соли пеш якчанд баробар зиёд мебошад.

Вале хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди дастгириҳои мунтазами Ҳукумат ҳоло ҳам сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷавобгӯи талабот нест ва Вазорати маориф, устодону омӯзгорон ва падару модарон ба ин масъала бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бояд гуфт, ки маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳия аз соли 2006 то соли 2016-ум 13 баробар афзуда, ҳаҷми он аз 700 ҳазор ба 8,5 миллион сомонӣ расидааст. Лекин дар ин самт низ як қатор камбудиву мушкилот, аз ҷумла доир ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ, истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошуда ва таҷҳизоти тиббӣ ҷой доранд, ки таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарону масъулони соҳаро талаб мекунанд.

Инчунин, зарур аст, ки роҳбарону мутахассисони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти махсус дода, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода омода намудани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Дар ноҳияи Қубодиён дар 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 6000 нафар хонанда бунёд ва ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло сохтмони мактаб - парваришгоҳ ва 12 синфхонаи иловагӣ оғоз гардидааст.

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла таъсис додани муассисаҳои томактабӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҷой доранд, ки ҳалли саривақтии онҳо вазифаи Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён мебошад.

Чунонки шумо, ҳозирини гиромӣ, дар ёд доред, бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зарари бисёр вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ дида, бисёр мактабҳо харобу валангор шуданд.

Дар натиҷа то имрӯз дар ҳудуди вилоят се ҳазор нафар хонандагон дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дарс мехонанд.

Инчунин, 71 600 нафар хонанда дар 314 муассисаи таълимии дар ҳоли садамавӣ қарордошта ва 31 ҳазор нафар дар 231 мактаби дар деҳаҳои навбунёд сохташуда таҳсил карда истодааст.

Бо мақсади ҳалли масъалаву мушкилоти зикршудаи соҳаи маорифи вилоят Ҳукумати мамлакат 26 ноябри соли 2016 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлонро барои солҳои 2017-2021 тасдиқ намуд, ки дар асоси он дар панҷ соли оянда дар қаламрави вилоят ба маблағи умумии 1 миллиарду 135 миллион сомонӣ 566 муассисаи таълимии нав барои зиёда аз 110 ҳазор нафар хонанда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Аз ҷумла дар ноҳияи Қубодиён 23 иншооти нави соҳаи маориф барои беш аз 10 ҳазор нафар хонанда ба маблағи 51 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Шаҳритус 18 муассисаи таълимии нав бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 59 миллион сомонӣ бунёд мегардад.

Ноҳияи Қубодиён дар кишварамон аз ҷумлаи мавзеъҳои дорои таърихи қадима ва фарҳанги ғанӣ мебошад ва вобаста ба ин, зарур аст, ки доир ба обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Дар баробари ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз василаҳои муҳимми бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия ба шумор меравад.

Ҳозирини арҷманд!

Вазъи ноорому печида ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ба ҳамаи мо маълум аст. Ҳар рӯз дар як қатор кишварҳои Шарқи Наздик ва баъзе кишварҳои ҳамсоя садҳо нафар одамони бегуноҳ қурбони низоъҳои дохилӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона гардида, садҳо ҳазор нафари дигар ба тарки ватан маҷбур шуда истодаанд.

Ҳамчунин, бо сабаби офатҳои табиӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва оби тозаи ошомиданӣ миллионҳо нафар сокинони сайёра азият мекашанд.

Доираҳои манфиатҷӯй ҷавонони ноогоҳро аз бисёр кишварҳои олам ба сафи ҷангҷӯёни созмону ҳаракатҳои террористӣ ҷалб карда, онҳоро ба қатлу куштори одамон сафарбар менамоянд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо, аз ҷумла аз ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён низ дар низоъҳои дохиливу мазҳабӣ дар кишварҳои мухталиф ширкат менамоянд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор дар давоми панҷуним соли охир аз ноҳияи Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла 54 нафар ҷавонон, 9 оила иборат аз 30 нафар ва ҳатто кӯдакони ноболиғ ва аз ноҳияи Шаҳритус 79 нафар, ки 47 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, дар қаламрави давлатҳои гирифтори низоъ қарор доранд ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат карда истодаанд.

Дар ин самт, мо то имрӯз тамоми роҳу воситаҳои фаҳмондадиҳиро истифода карда истодаем, то ки шаҳрвандонамон, аз ҷумла ҷавонон фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шуда, ба Ватани худ хиёнат накунанд.

Аммо на ҳамаи онҳо чунин даъватро пазируфтанд ва оқибати иштироки онҳо дар амалиётҳои террористӣ ба ҳамаи мо равшан аст.

Фаромӯш набояд кард, ки даҳҳо ва садҳо нафар фарзандони мардуми ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ба илму фарҳанг ва умуман ба хотири рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизмати содиқона кардаанд ва имрӯз низ софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Рафтори номатлубу хатарноки ҷавонони гумроҳшуда, пеш аз ҳама, мардуми соҳибмаърифату заҳматдӯсти ноҳияҳои зикршуда ва номи неки фарзандони содиқи онҳоро доғдор месозад.

Вобаста ба ин, борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд.

Ба падару модарон, пирони рӯзгордида, кормандони соҳаи маориф, аҳли зиё ва масъулони ҳамаи мақомоти давлатӣ муроҷиат менамоям, ки дар ин самт фаъол бошанд, садди роҳи ҷалб гардидани фарзандон ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шаванд, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кунанд ва наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, ҳисси баланди миллӣ ва гиромидошти фарҳангу анъанаҳои бостониамон ташвиқу раҳнамоӣ намоянд.

Ҳамчунин, мардуми соҳибмаърифати ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён, кулли сокинони мамлакат бояд кӯшиш намоянд, ки қонунҳои кишвар, махсусан, муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро риоя карда, бо ҳамин роҳ зиндагиву рӯзгори худро беҳтар созанд ва дар тарбияи фарзандони худ, яъне насли ояндасози Ватан саҳми ватандӯстонаи хешро гузоранд.

Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва сулҳу суботи устувори сарзамини аҷдодиамон минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, хусусан, ба хотири истиқболи шоистаи ҷашни бузургу муқаддаси бистушашсолагии истиқлолият, ки чанд рӯз баъд фаро мерасад, барои ободии диёри хеш, пешрафти Ватани маҳбубамон ва тарбияи наслҳои номбардори миллат саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён барору муваффақият ва хонаи обод орзу карда, барои истиқболи самимӣ миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520