Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

27.07.2017 09:52, ноҳияи Балҷувон

Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосор шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор дастранҷи хеш, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ҳунарҳои дастиро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст омадаанд ба маъраз гузоштанд.

Ба дастовардҳои хоҷагидорони ҷамоат бахусус меваҳои шаҳдбор, аз қабили чормағз, тутҳои гуногун, хуч, зилол, маҳлаб, чанд намуди олуча, себи хушк, нок, зардолу, ангур, гелос, шириниҳои аз мева омодакардашуда, донагиҳо ва инчунин гиёҳҳои шифобахше, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷамъоварӣ шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар маҷмӯъ наздики 20 номгӯй гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуда буд ва иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи Сари Хосор қариб тамоми намуди гиёҳҳои дорои хусусияти шифобахшӣ мавҷуд мебошанд.

Номгӯи гуногуни маҳсулоти аз зироати кишоварзӣ ба даст овардаи хоҷагидорони ҷамоат, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, бодаринг, каду ва ғайра ба таври фаровон ба намоиш гузошта шуда буд.

Ба ҳунарҳои дастӣ ва маҳорати пазандагии занону духтарони деҳоти Сари Хосор аз тарафи Сарвари давлат баҳои баланд дода шуд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи иншооте, ки минбаъд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари Хосор бунёд карда мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ояндаи наздик ба хотири рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор 7 адад меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад. Боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию варзишӣ барои сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар мадди назар мебошад ва айни замон лоиҳаи боз 5 иншоот дар ин соҳа тарҳрезӣ карда шуда, мавзеъи ҷойгиршавӣ ва тарҳи биноҳои сохташаванда ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон муаррифӣ гардид. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум 8 иншооти дигари таъиноташон гуногун сохта мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон ва нафарони дар ин самт масъулиятдошта даъват ба амал оварданд, ки дар вақти бунёди иншооти муаррифишуда ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520