Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.07.2017 12:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017” шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи соли 2017 сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, тамоюли мусбии рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 фоиз, гардиши савдои чакана 3,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 96,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 6075,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,3 фоизро ташкил менамояд.

Аз ҷониби мақомоти андоз нақша дар сатҳи 102,2 фоиз, аз ҷумла пардохтҳои андозӣ 97,9 фоиз, воридоти ғайриандозӣ 149,9 фоиз ва андозҳои иҷтимоӣ 97,6 фоизро таъмин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дарназардошти таъмини нишондиҳандаҳои маҷмӯии миқдорӣ ва сифатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои амалӣ андешида, нерӯи зеҳниву кадрии сохторҳои худро пурра ва самаранок истифода баранд.

Ҳамчунин Сарвазир, муовинони у, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаззаф шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017, алалхусус, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар паём ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, Қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2017” ва супоришҳое, ки ҳангоми сафарҳои Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо дода шудаанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Баъд аз баррасии ҳамаҷониба бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Сипас “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020 бо дарназардошти таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” пешниҳод карда шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Аъзои ҳукумати мамлакат дар идома масоили вобаста ба созишномаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, инчунин ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Нақшаи генералии деҳаи Шаҳристон – маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, таъсиси Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон” ва дигар масоили вобаста ба имрӯзи ҳаёти мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти такрорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва тақвияти тадбирҳои зидди сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520