Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

10.12.2010 19:00, Русия

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки нимаи дуюми рўзи 9 – уми декабр баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба ин созмони минтақавӣ Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзо мебошанд. Узбекистон узвияти худро мавқуф намуда, Арманистон дар он мақоми нозирро доро аст.

Дар ин ҳамоиш асосан масоили вобаста ба таъсис ва ташкили фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ташкили бозори энергетикӣ ва иттиҳоди нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва такмили низоми идории созмон баррасӣ шуд.

Дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки «фаъолияти Шўрои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оид ба сиёсати молиявӣ-иқтисодӣ дар татбиқи тадбирҳои муштарак барои бартараф намудани оқибатҳои бўҳрони молявӣ ҷаҳонӣ бояд ҷоннок карда шавад».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «дастгирии интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҳамдастии истеҳсолӣ дар шароити имрўза басо муҳиманд, зеро ба ин васила мо метавонем ҷойҳои нави корӣ ва барои соҳибкорону тоҷирон бозорҳои нав муҳайё созем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520