Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

14.07.2017 17:26, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати санаи мубораки таърихӣ – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – самимона табрик менамоям.

Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, бо талоши фаъолу созандаи ҳар ду ҷониб пайгирона густаришу тавсеа ёфтанд, ки ин ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардумони ду кишвари дӯст мебошад.

Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки равобити неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн, ки дар сархати стратегияи минтақавии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, дар оянда низ рушди матлуб хоҳанд ёфт.

Ба Ҷалолатмаоб сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон сулҳу амният ва саодату пешрафт таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ниҳоят хушҳолам маротиби беҳтарин таманниёту неки хеш ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати 25-умин солгарди эҷоди равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ иброз намоям.

25 соли равобити дипломатикии ду кишвари мустақил ва озод баёнгари иродаи сиёсии устуворест, ки реша дар умқҳои таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштаракамон дорад. Бо такя ва таъкид бар ин ҳақиқати халалнопазир, мо метавонем ба пайгирии манфиатҳои миллӣ минтақаи муттаҳидеро эҷод кунем, ки роҳҳоварди он амният, субот ва инкишофи пойдор дар минтақа аст.

Бар асари саъю талоши Ҷаноби Олӣ мардуми кишвари дӯст ва бародар ба сӯи хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, озодӣ, сулҳ ва субот дар ҳаракатанд, ки мо ба унвони дӯст ва ҳамсоя бо он меболем.

Бо истифода аз фурсат, як бори дигар ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфта, сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо, саодат ва тараққии миллати бародари Тоҷикистонро орзу медорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520