Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервиси

12.07.2017 18:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноаамандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Воситаи муҳими беҳбудбахши   ҳамшарикии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари  иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ»  хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.

Бо  қаноатмандӣ  фаъолияти  воситаҳои  муҳими  тақвиятбахши ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами  Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ  ва  Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи  муваффақонаи  Барномаи  индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки  ҷудо гардидани маблағи  251 миллион евроро  ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот   пешбинӣ менамояд,  ҳамчун  санади муҳими  беҳтарсози ҳамшарикӣ муҳим шуморида шуд. 

Аз баргузории  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани   Барномаи  рушд барои давраи то соли 2020  ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафаҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии  шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин   масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои  иқтисодӣ,  энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, экстремизм,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат  дар  ба  эътидол овардани  вазъи сиёсию низомӣ  дар Афғонистон ва  тақвияти бештари имконияти   ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520