Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатзода Ҳусейн Ҳамид
Сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатзода Ҳусейн Ҳамид, 29 – уми июни соли 1975 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ дар вазифаҳои муфаттиш, муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2005 то моҳи майи соли 2010 дар вазифаи сардори шуъбаи тафтишоти прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз моҳи майи соли 2010 то моҳи майи соли 2015 прокурори ноҳияи Ҷабор Расулови вилояти Суғд ва аз моҳи майи соли 2015 то моҳи апрели соли 2016 дар вазифаи  прокурори шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ифои вазифа намудааст.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2016  мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва аз 8 майи соли 2017 Сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 1 дорад.

Оиладор, падари 5 фарзанд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520