Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

06.07.2017 16:47, ноҳияи Варзоб

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бустонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пугус” бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот, ки бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Боздиди навбатии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва тақвияти равобити нек ва дӯстии таърихии мардумони Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки тамосҳои мунтазами сиёсии ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ  дар давоми 25-соли барқарории робитаҳои дипломатӣ хислати мунтазамро касб намуда, пур аз дастовардҳои воқеан таърихӣ мебошанд.

Хамдастию ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таърихии КАСА-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои сатҳи олӣ номида шуд ва иштироки бевоситаи роҳбарияти Афғонистон дар кори нишасти имрӯза боз як далели пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Афғонистон аз ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ маънидод гардид.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор гашт масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Афғонистон, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории мустақим, инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои нақлиёт ва оҳан, инчунин истифодаи имкониятҳои муштараку минтақавии транзитӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамдастии минбаъда дар роҳи таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳади байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои пайваста дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии Афғонистон, дастгирии ин кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки ҷониби Афғонистон дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таври доимӣ ҷавобгу ба манфиатҳои миллии ҳарду давлат бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дошта, баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520