Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

05.07.2017 13:27, шаҳри Душанбе

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон нахуст дар вохурии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, Сарвазири ин кишварро барои ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик намуданд.

Аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо дидору вохуриҳои сатҳи баланди имрӯзаро дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду давлат хотирмон – 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ муҳиму манфиатбор арзёбӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои музокироти имрӯза муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвияти дучанд бахшида, дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд гардид.

Аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахш ва тавсеаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар арсаҳои ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва минтақа ҷонибҳо ҳарчи зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карда, ҳамчунин изҳори умедворӣ намуданд, ки доираҳои сармоягузории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ иштирок хоҳанд кард..

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад ва бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамдастии давлатҳоро дар заминаи татбиқи яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим- лоиҳаи КАСА – 1000 таъкид намуданд.

Дар мулқоту музокироти сатҳи баланд ҳамчунин доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноякории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни мулоқоту музокироти судманд ҳамчунин ба масъалаи пайдо кардани роҳу василаҳои самарадеҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогир ва созандаи байнидавлатиро мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуҳлати мардумони ду кишвар арзёбӣ карда, густариши ҳамгироии минтақавиро,ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд, тадбири зарурӣ ва муҳим шумориданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520