Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Венгрия Янош Адер

01.07.2017 12:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Венгрия Янош Адер ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Венгрия Янош Адер, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия сарфарозам ба Шумо табрикоту таманиёти самимии хешро бирифиристам.

Боиси қаноатмандист, ки дар ин муддат, бар асари саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷониб, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо сатҳи сифатан навро касб намуданд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Венгрия дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт. Итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Венгрия, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Венгрия Янош Адер ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ба Шумо иброз намоям.

Бароям боиси хушҳолист, ки дар чунин масъалаи мубрами рӯзҳои мо, ки ҳаётан муҳим ҳам ҳаст, яъне мушкилоти ҳифзи захираҳои обии сайёра, дар симои Шумо дар паҳлӯи худ ман метавонам ба чунин иттифоқчии қавие, ки худи ӯ барои муваффақ шудан дар ин кор кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, умед бандам. Суханони хушку холӣ набудани ин нуктаро муколама оид ба мушкилоти об, ки барандагони муштараки он Венгрия ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин иштироки ифтихорангези Шумо, ҷаноби Президент ва суханронии Шумо дар Саммити дуюми Об, ки соли гузашта дар шаҳри Будапешт барпо шуд, баръало нишон медиҳад.

Ман комилан мутмаинам, ки ҳамкории муваффақонаи оғозгардидаро мо метавонем минбаъд низ бо чунин суръат ва самара идома диҳем.

Ба Шумо дар вазифаи масъулатон муваффақиятҳои беназир ва саломатии комил таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520