Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.12.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» шунида шуд. Дар ҳисобот, аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2010 дар майдони 458 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст ва ин ба 91% нақшаи барои соли 2010 қабулшуда баробар аст. Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дар 300 гектар заминҳои обии партов, ки обёриашон мушкил аст, боғҳои нави зардолу бунёд карда шудааст. Тайи як сол дар боғу токзори нави ноҳия 99860 бех ниҳол шинонда шудааст, ки 59860 тои он ниҳолҳои мевадиҳанда мебошанд. Тибқи маълумоти раис, дар ноҳияи Қубодиён соли равон 3125 тонна ангур ва 1782 тонна дигар анвои мева истеҳсол шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар боғу токзори нав бештар ниҳолҳои меваҳои хушлаззати содиротӣ, аз қабили зардолу, гелос, шафтолу, ангўр, анор, бодом ва ғайра шинонда шаванд. Супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва аз ин ҳисоб зиёд кардани иқтидори содиротии Тоҷикистон ҳамчунин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шуд.

Доир ба рафти иҷрои Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015» Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳисобот дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи минбаъдаи босамари барнома ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 қабул карда шуд. Мутобиқи он тамоми мақомоти масъули ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки барои таъмини иҷрои нишондодҳои буҷети давлатӣ дар соли 2011 ва сарфи ҳадафманду босамари маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд.

Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи як зумра қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бархе аз қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи ду қонуни нав - «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ», Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мониторинги экологӣ», маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат қитъаҳои замин барои тақсимот ба аҳолии ниёзманд баҳри сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи ҳамадонӣ 387,1 га барои 2508 оила, ноҳияи Ёвон 222,93 га барои 1810 оила, ноҳияи Хуросон 89,7 га барои 910 оила, ноҳияи Панҷ 87,28 га барои 639 оила, ноҳияи Вахш 413,03 га барои 2871 оила, ба ноҳияи Ҷиргатол аз мавзеи Лахш 172,06 га барои 500 оилаи муҳоҷирони ихтиёрӣ аз ноҳияҳои водии Рашт ва оилаҳои ниёзманди худи ноҳияи Ҷиргатол ва ба ноҳияи Варзоб 117,39 га барои 1351 оила ҷудо гардид.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор барои ҷамъбасти босифати натиҷаҳои соли сипаришаванда ва омодагӣ ба ҷашнҳои Наврўз ва солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520