Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба”

27.06.2017 10:58, шаҳри Ваҳдат

27 июни соли 2017 дар рӯзи таҷлили 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд.

Нишонро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуда, нақши Сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳимму назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором кору зиндагӣ менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520