Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар шаҳри Ваҳдат

27.06.2017 10:17, шаҳри Ваҳдат

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири нақлиёт аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Шамсулло Саъдуллоев бунёд шудааст. Масоҳати корхона 3 гектарро ташкил медиҳад. Дар сехи шарбатбарорӣ ва қитъаи заминҳои корхонаи мазкур наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки корхона ҳамарӯза иқтидори коркарди 2,5 то 3 тонна маҳсулоти кишоварзиро дорад. Барои фаъолияти пурсамари Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» 27 гектар қитъаи замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо карда шудааст, ки дар ин заминҳо кишти помидор, бодиринг, карам, қаланфури булғорӣ, пиёз ва дигар намуди маҳсулот барои консервабарорӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷамъияти мазкур ба коркарди сабзавоту меваҷот низ машғул буда, аз он қариб 10 намуд консерва, обҳои ташнашикан, афшураҳо ва шириниҳои мухталиф истеҳсол мекунад.

Дар назди корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» ҳамчунин як Маркази таъмири нақлиёт сохта шудааст, ки дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар Марказ дар як вақт ба 25 адад мошинҳои сабукрав ва нақлиёти хурди боркаш хизмат расонида мешавад, ки дар як сол тахминан имконияти таъмири 6500 адад автомобилро ташкил медиҳад.

Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллоев уҳдадор шуд, ки аз ҳисоби даромади корхона оянда боз фаъолияташро васеъ карда, коргоҳу корхонаҳои нав, 4 адад сардхона ҳар кадоме бо ғунҷоиши то 250 тонна ва як маркази таъмири мошинҳои калони боркаш бунёд менамояд.

Баъди шиносоӣ бо шароити коргоҳҳои мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва иқдоми обод кардани як гӯшаи диёр арзи сипос намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520