Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян

14.06.2017 19:58, Арманистон

14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ара Баблоянро вобаста ба натиҷаҳои бобарори интихоботи парлумонӣ ва интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии ин кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназир орзу карданд.

Аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории дуҷониба, ки имсол аз оғози он 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар ҳамчун сохторҳои қонунбарор минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузоранд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърих, таҷриба, рушд ва саҳми парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таҳкими қонунгузорӣ дар кишвари мо боиси ваҳдати комили сартосарӣ гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки Маҷлиси миллии Арманистон чун Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шукуфоию пешрафти ҷумҳурии дӯсту бародари Арманистон хизмати арзанда менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520