Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии “Звартнотс”-и Арманистон

14.06.2017 14:31, Арманистон

14 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии “Звартнотс”-и Арманистон намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳни ҳавлии фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Арманистон ба таври идона ороста шуда, горди фахрии президентӣ саф кашида буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520