Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

08.06.2017 17:52, Қазоқистон

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ва мавқеи ин давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ намуда, самтҳои ҳамкориро бо Афғонистон дар феҳристи афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Зимни мулоқоти созандаи ҷонибҳо масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисодиёт баррасӣ шуда, доир ба масоили муҳими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ дар соҳаи тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҳамкориҳои амниятӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи сарҳадот самти ниҳоят муҳимми ҳамёрии Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид ва ҳарду ҷониб зарурияти тақвияти ҳамдастии муштаракро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳури ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Барои тақвияти бештари муносибатҳои байнидавлатӣ фаъолгардонии кори комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пайгирии барномаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳан, созмондиҳии намоишгоҳҳо ва сафарҳои мутақобилаи тоҷирону сармоягузорон ба кишварҳои ҳамдигар зарур шуморида шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520