Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед

22.05.2017 00:15, Арабистони Саудӣ

Дар ҳошияи Нахустин саммити Сарони давлатҳои арабӣ, исломӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки густариши муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолиятҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва сармоягузориҳои мустақим фароҳам буда, дар ин замина доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Бангладеш метавонанд, ки бо ҳамтоёни тоҷики худ робитаҳои мустақим ва судманд барқарор намоянд.

Таъсиси Шӯрои соҳибкорон, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, корхонаҳои муштараки бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди биринҷ, пӯсти хом ва истеҳсоли пӯсти таёр самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд.

Хонум Шайх Ҳасина Вазед омодагию ҳавасмании кишварашро барои тақвияти ҳамгироӣ бо Тоҷикистон дар доираи СММ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро низ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ карданд.

Дар идомаи суҳбат масоили тақвияти ҳамбастагии ду давлат дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналмилалӣ, гурӯҳои ҷинояткори фаромарзӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақими ниҳодҳои амниятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хонум Шайх Ҳасина Вазед даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед  22.05.2017

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520