Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ноҳияи Данғара

12.05.2017 11:31, ноҳияи Данғара

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар ва пешрафти соҳаи саноат барои бунёди як коргоҳи нав - Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ санги асос гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида, ба талошҳои ҷавонмардони ватанпараст баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда доданд.

Иқдоми бунёди корхонаи нав ба хотири дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КМ МУОСИР”  ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди коргоҳи нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона бо сарфи беш аз 15 миллион доллар дар муддати якуним сол бояд  бунёд гардад.

Иқтидори солонаи он 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхона 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки аз чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар яктояш дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавҷуд аст ва фаъолияти пурсамару гуногунҷанбаи корхонаҳои ҳудуди он дар роҳи муаррифии иқтидори саноатии мамлакат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти мухталиф саҳми сазовор мегузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифати сохтмонӣ ҳидоят намуданд.

Дар ноҳияи Данғара ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, корҳо аз тарафи коргарону мутахассисони ширкати ватанӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи тоҷик” ҷараён дорад. Дар минтақаи мазкур, ки корҳо аз соли 2016 оғоз гардида буд, аллакай 8 километри роҳ пурра мумфарш карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндгагони ширкати роҳсозӣ маслиҳат доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳои бунёдӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520