Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

12.05.2017 10:21, ноҳияи Данғара

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали “Водии Данғара - 3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз бунёди иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот ва гирду атрофи он мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани канали Водии Данғара дар суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид намуданд, ки дурнамои натиҷаҳои ниҳоии марҳилаи сеюми лоиҳа боманфиат мебошад, зеро баъди татбиқи пурраи лоиҳа 1700 гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳосилнокӣ боло хоҳад рафт. Ҳамчунин истифодаи самараноки заминҳои обӣ барои таъсиси зиёда аз 5000 ҷойи корӣ мусоидат менамояд.

Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара беш аз 33 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 4,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15,8 миллион доллар қарзи Бонки Исломии Рушд ва 13,8 миллион доллар маблағҳои Фонди Кувайт мебошад.

Фармоишгар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ идораи сохтмони рақами 4 «Душанбесохтмон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Алем Трансстрой»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва машваратчии лоиҳа ширкати Консолидейтид Консалтантси Урдун мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки масоҳати 6000 гектар заминро дар бар мегирад, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Марҳилаи сеюми лоиҳа моҳи майи соли 2013 оғоз гашта, имрӯз ба итмом расид ва масоҳати он 1700 гектарро дар бар мегирад. Канали Водии Данғара-3 бо дарозии 39 километр ва иқтидори обгузаронии 28 метри мукааб-сония барои обёрӣ намудани заминҳои марҳилаи - 2 ва марҳилаи - 3, инчунин дар оянда обёрӣ намудани заминҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар қисми ғарбу ҷануби Тоҷикистон, қад-қади ҳавзаи дарёи Вахш, массиви Данғара, тақрибан 120 километр аз ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дарозии массив 28 километр буда, бараш 10 километрро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нақша оянда дар ин заминҳо дар масоҳати 900 гектар пахта, дар майдони 300 гектар ғалладона, дар 100 гектар сабзавот кишт карда шуда, 100 гектар барои омода кардани хуроки чорво ва 300 гектар барои бунёди боғ истифода карда мешавад.

Татбиқи пурраи ин лоиҳа дар маҷмуъ барои обёрии заминҳои нав, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520