Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм

12.05.2017 09:18, ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов ҳамчунин бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуданд.

Дар давоми солҳои 2001-2016 дар ноҳияи Данғара бо ҷалби сармоя дар доираи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар ду марҳила 4248,5 га замин обёрӣ ва азхуд карда шудааст, ки аз ин солҳои 2001-2006 марҳилаи якум-2500 га ва солҳои 2008-2016 марҳилаи дуюм 1750 гектарро фаро гирифта, маблағи умумии корҳои иҷрошуда 42,0 млн.доллари ШМА мебошад. Татбиқи навбати дуюми лоиҳа дар муҳлати муайяншуда амалӣ гардида, барои киштукори пахта, зироатҳои полезӣ ва бунёди боғу токзор пешбинӣ шудааст. Истифодаи самараноки заминҳои обӣ кафолати таъсиси зиёда аз 6000 ҷои корӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи ду солҳои 2008-2016 амалӣ гардида, лоиҳаи марҳилаи якум солҳои 2001-2006-ро дар бар мегирад ва ҷамъи заминҳои азхудкардашуда ва обёрӣ гардида дар ду марҳила зиёда аз 4200 гектарро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки марҳилаи 3-юми татбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара”аллакай оғоз гардида дар соли 2017 маблағи 381,4 ҳазор доллари ШМА ва аз аввали марҳила бошад 2849,2 ҳазор доллари ШМА аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи марҳилаи сеюм азхуд намудани 1750 га заминҳои нав дар назар аст, ин имконияти таъсиси боз 8 ҳазор ҷойи нави кории иловагиро фароҳам меоварад.

Дар доираи Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар ноҳияи Данғара корҳои тоза намудани каналҳои ирригатсионӣ 21 км ва заҳбуру заҳкашҳо 15 км ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ ба нақша гирфта шуда, айни замон ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Инчунин корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ба дарозии 9,6 км, ғалақа (задвижка) 10 адад, ќубури обпарто  44 адад, чоњҳои оҳану бетонӣ 24 адад ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то 1 апрели соли ҷорӣ ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар баробари ин аз ҳисоби лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасон, дарвозаҳои обтақсимкунанда, чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани ҷуйборҳои обрасон тариқи дастї ба маблағи 7,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ва нимаи аввалаи соли 2018 амалӣ хоҳанд гашт.

Бояд таъкид кард, ки ҳамчунин дар доираи Барномаҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2009 ва 2010-2014 дар ноҳияи Данғара ба маблағи 756 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ гузаронида шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши 739 га заминҳо беҳтар карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм ба сифати корҳои анҷомдодашуда, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда ба роҳбарияти вилоят, ноҳия ва масъулони дахлдори соҳа барои татбиқи саривақтӣ ва босифати марҳилаҳои ниҳоии обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, истифодаи самараноки об ва ҳар қитъа замини обёришуда, техникаю таҷҳизоти таъиноти мелиоративию кишоварзӣ, тақвияти корҳои беҳдоштии кишоварзӣ ва дигар масоили рӯзмарра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520