Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун

10.05.2017 11:14, шаҳри Роғун

Дар идомаи боздиди корӣ дар маҳалли бунёди иншооти муҳими аср - Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ тибқи нақша ҷараён дорад.

То имрӯз корҳои хокбардории минтақаи байни Бинои хизматӣ - саноатӣ ва бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ ба итмом расида, тадбирҳои бетонхобонӣ ва арматурбандӣ дар зербинои он идома дорад.

Дар ин мавзеъ 4 ширкати сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 300 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ дар 2 баст фаъолият доранд.

Баъди пурра ба итмом расидани сохтмони бино оянда дар ин ҷо дастгоҳҳои замонавии пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ насб карда мешавад. Аз ин дастгоҳҳои муосир неруи барқ ба системаи умумии барқии кишвар пайваст мегардад ва рушноию гармии кохи нур - Неругоҳи Барқи Обии Роғун ба хонадони мардуми Тоҷикистон ворид мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни бунёди бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои арзанда дода, коргаронро ба иҷрои саривақтии он ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори махсуси неругоҳ ҳамчунин бо рафти корҳои васлгарии таҷҳизотҳои генераторӣ шинос шуданд.

Дар майдончаи васлгарии таҷҳизотҳои генераторӣ, ки айни ҳол васлу насби қисмҳои эҳтиётии статор ва ротори гидрогенератори 5 ва 6 амалӣ мешаванд, омодасозии гидроагрегатҳо мутобиқи ҷадвали корӣ идома дорад. То имрӯз корҳои васлкунии таҷҳизоти зарурии иншоот - статор ва ротори агрегати 6 - уми Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар марҳилаи аввали фаъолият истифода хоҳад шуд, бо сифати баланд амалӣ гардида, қисми асосии корҳо иҷро гардидааст.

Аз тарафи мутахассисони васлгар кафшеркунии қисми поёнӣ ва болоии стерженҳо пурра ба анҷом расида, қисми бо оби хунуккунанда таъминкунии стерженҳо пурра кафшер карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо рафти омодасозии генератори рақами 5 низ шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, дар баробари иҷрои корҳои васлу насби генератори рақами 6, барои ба роҳ мондани корҳои васлу насб дар статори генератори рақами 5, дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо секторҳои баданаи статори ин генератор ба шакли давра васл карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мошинҳои Неругоҳи барқи обии Роғун бо рафти корҳо дар ин минтақаи муҳим - маҳалли асосии ҷойгиршавии агрегатҳо шинос шуданд.

Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ, ки ҷойи насби агрегатҳо маҳсуб меёбад, корҳо ба таври муташаккилона бо ғайрати дучанди коргарони матинирода идома дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ, пармакунӣ ва гузоштани анкерҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, ки паҳлуи ҳам ҷойгиранд, бомаром ҷараён дорад.

Толори мошинҳо 220 метр дарозӣ ва беш аз 67 метр баландӣ дошта, дар ин ҷо ҳамаи 6 агрегати тавлидкунандаи барқ насб карда мешавад.

Барои устувор гардонидани девору сақфи толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, корҳои пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, инчунин корҳои сементатсионӣ анҷом дода мешаванд.

Сифати корҳо дар толори асосии иншоот ҷавобгуи талабот буда, тамоми тадбирҳои бунёдӣ, шуруъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву анкербандии деворҳо бо низоми хоси сохтмонӣ аз руи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо дар толори мошинҳои неругоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахтаи насосҳои обпарто ва бинои трансформаторҳо ташриф оварданд.

Шахтаи насосҳои обпарто дар ҳудуди бинои трансформаторҳо воқеъ буда, яке аз нуқтаҳои асосии неругоҳ маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ дар шахтаи насосҳои обпарто низ аз руи ҷадвали корӣ идома дорад.

Дар бинои трансформаторҳо корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1-6 ва хобонидани бетони конструктивӣ иҷро шудааст.

Дар толори трансфарматорҳо айни ҳол беш аз 100 нафар фаъолият дорад. Дар маҷмуъ имрӯз дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун наздик ба 14 ҳазор нафар коргарону мутахассисони касбу кори гуногун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба нақшаи муқарраргардида, аз руи услуб ва низоми хоси бунёди иншооти гидроэнергетикӣ амалӣ карда мешавад, баҳои баланд доданд ва онҳоро барои анҷоми муваффақонаи тадбирҳо ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520