Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел

25.04.2017 10:42, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо Америка дар доираи барномаҳои «Дастгирии байналмилалии молиявӣ», «Ташаббуси глобалии сулҳофарӣ», «Таълими низомӣ», «Мубориза бо терроризми байналмилалию  гадиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Чонибҳо ҳамчунин барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидору имконоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳои ҷинояткори муташаккил фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон мавзуҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520