Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2001 12:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Имрӯз барои мардуми шарафманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон иди бузург аст. Иди 10-солагии истиқлолияти навини Тоҷикистон, иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ — тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки бо вуҷуди анъанаи деринаи давлату давлатдории хеш бори дигар дар интиҳои асри XX истиқлолияти воқеиро соҳиб шудааст.

Ва бо камоли ифтихору сарфарозӣ дар ин рӯзи муборак тамоми мардуми Тоҷикистони азиз, кулли тоҷикони кишварҳои дуру наздики олам ва меҳмонони арҷманду аҳли ин толори бошукӯҳро табрику таҳният мегӯям.

Даҳ соли истиқлолият дар қиёси таърихи чандинҳазорсолаи давлату давлатдорӣ ва марҳилаҳои тӯлонии соҳибистиқлолию талошҳои истиқлолхоҳии миллати тоҷик фосилаи чандон тӯлонӣ нест.

Вале дар сарнавишти миллати ҷафокашидаву куҳанбунёди мо ин даҳ сол як озмоиши ҷиддии таърих дар дуроҳаи ҳастию нестӣ, як марҳилаи ҳассоси аз вартаи нобудӣ раҳидану аз нав эҳё гардидан мебошад. Аз ин рӯ, ин даҳсола воқеан арзиши садсолаҳоро дорад.

Мо истиқлолияти давлати хешро дар даврае ҷашн мегирем, ки инсоният ҳазорсолаи дуюмро паси сар гузошта, ба ҳазорсолаи сеюм кадам ниҳод. Ва агар ба таърихи ҳазорсолаҳои дур ва даҳсолаҳои наздики миллати тоҷик бо чашми таҳқиқ бингарем, мебинем, ки аксари набарду талошҳои ошкору ниҳон дар такдири таърихии халкамон баҳри расидан ба истиқлолияту идомаи давлатдории аҷдодӣ будааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид.

Феномени давлатдории тоҷикон баъзан ба мӯъҷиза шабоҳат дошта, эҳёи эҳёҳо ё аз хокистари нестӣ сабзида, ба камол расидан, умри бобаракат дида, аз ҳаводиси таърих шикастану боз эҳё шуданро борҳо паси сар кардааст. Ин фарҳанги давлатдорӣ ба ягон халқияту миллати дигари дунё хос нест.

Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи милодӣ чӣ кадар давлатҳои хурду бузург аз миён рафтанд, чӣ қадар империяҳои тавоно завол ёфтанд, чӣ қадар халқу миллатҳои бонуфуз аз харитаи олам беному нишон гаштанд, чӣ қадар забонҳои машҳуру фарҳангҳои оламгир ба фаромӯшхонаи таърих афтоданд.

Вале миллати сарбаланди тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда ббшад ҳам, онро аз рӯйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст.

На теғи шамшери Искандари Макдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдоди моро шикаста натавонист.

Агар набарду муборизаҳои оштинопазир баҳри пуштибонии истиқлолият ва давлатдории аҷдодӣ бо сарварии Шераку Спитамен, Деваштичу Ғурак, Муқаннаву Сумбоди Муғ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ сурат гирифта бошанд, талошҳои маънавию худшиносӣ барои пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат ба шарофати сулолаи номдори Сомониён аз ҷониби Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ, Низомулмулку Балъамӣ пушт ба пушт идома ёфтааст.

Ва маҳз ҳамин рисолати истиқлолиятхоҳии фарҳангӣ бо рукнҳои мухталифаш тавонист миллати борҳо аз истиқлолияту давлатдорӣ маҳрумгаштаи моро боз гашта ба истиқлолияту соҳибдавлатӣ бурда расонад.

Яъне миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳои таърих аз қазои тақдир муддате аз давлатдорӣ маҳрум гашта бошад ҳам, истиқлолияти фарҳангиаш дар ҳама давру замон пойдору побарҷо мондааст.

Агар бо зӯри сипоҳу лашкар аҷнабиё тахти аҷдоди тоҷиконро соҳиб шуда бошад, ӯ хоҳу нохоҳ коргузории расмӣ ва умури давлатдориашро бо забони тоҷикӣ пеш мебурд, ба низоми идоракунӣ ва системаи мукаммали мамлакатдории ниёгони мо такя мекард, сарвазир, аҳли Девон ва надимонашро аз миёни тоҷикони донишманду соҳибтаҷриба интихоб мекард.

Кор то ҷое мерасид, ки аҷнабии тахтнишин баъзан забони модарии худро фаромӯш карда, аз таъсири адабу фарҳанг ва забони шевои тоҷикӣ ба шеъргӯйӣ ва навиштани рисалаҳо мепардохт.

Ин буд қудрати эҳёгарӣ ва нерӯи илму фарҳанг дар сурате ки ҳама гуна яроқ дар ҳифзи истиқлол оҷиз мемонд.

Дар табиат ҳар касе дар дили санг рӯйидани арчаро дида бошад, бешак зиндагии пурмашаққат ва тақдири таърихии халқи тоҷикро тасаввур карда метавонад. Ҳар ваҷаб қад кашидани ин дарахт ва дар дили санг реша рондани ӯ бо машаққатҳои басо гарон муяссар мешавад.

Ва халқи тоҷик ҳам дар тӯли таърихи дарозу пур аз бурду бохти хеш садҳо барору бебарорӣ ва маҳрумиятҳои хурду бузургро паси сар намуда, аз ғояти хирадмандию муросо борҳо дар тимсоли давлату давлатдории аҷнабиён сабзида, оқибат оини давлатдории деринаашро боз эҳё намудаву умри тоза бахшидааст.

Дӯстони мӯҳтарам!

Ҳар гоҳе, ки мову шумо аз боби давлату давлатдорӣ ва истиқлолияти тоҷикон сухан меронем, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар назар дорем, ки баъди шикастани империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар интиҳои қарни XX дар арсаи ҷаҳон арзи ҳастӣ намуда, роҳу равиши хосаи худро ба сӯйи уқёнуси тамаддуни умумибашарӣ пеш гирифт.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт, сабзид ва ба камол расид.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Раванди нави таърих бар дӯши давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт.

Мо дар тӯли ин даҳ сол заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ зътироф гардидем.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Муҳимтарин рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ—Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Мо таҷрибаи ҷаҳонии шаклҳои мухталифи давлату давлатдорӣ, низомҳои мавҷудаи сиёсию иқтисодӣ ва арзишҳои тамаддуни миллию умумибашариро омӯхтаю муқоиса намуда, бо дастгирӣ ва пуштибонии шаҳрвандони мамлакат роҳи ҷомеаи адолатпарвару озодандеши ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифтем.

Бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳони ворид гардидем, ба бунёди рукнҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон ноил шудем, вахдату ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро нигоҳ доштем.

Имрӯз шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Дар ин рӯзи пурнишот моро лозим аст, ки ба гузаштаи таърихи даҳсолаи навини давлатамон назар афканда, сабақҳои ин давраро арзёбӣ намоем, бурду бохтамонро бо чашми ибрат бубинем, шоҳроҳи рушди давлати соҳибистиқлоли худро муайян карда, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро барпо намоем.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард.

Эълони истиқлолияти комили давлатамон мебоист масъулияти ҳамватанони моро баҳри истеҳком бахшидани пояҳову рукнҳои давлати соҳибихтиёр меафзуд.

Вале, мутаассифона, дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги гражданӣ кашиданд. Ин ҷанг рушди ҷомеаи моро ба даҳсолаҳо ақиб партофт.

Дар он айём нахуст Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурии нав ба истиқлолрасида поймол карда шуданд, аввалин Президенти бо роҳи умумихалқӣ интихобшуда бо зӯри силоҳ аз вазифа барканор сохта шуд, Ҳукумат ба истеъфо рафт, шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардиданд, дар ҷомеа бенизомӣ, беқонунӣ ва бесарусомонии умумӣ ҳоким шуд, пойтахти давлат ба гирдоби задухӯрдҳои хунин кашида шуд.

Кор ба ҷое расида буд, ки доир намудани иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Душанбе ғайриимкон гардид. Зеро ҳеҷ кас кафолати амнияти вакилонро дода наметавонист.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, барои хотима додани ҷанги гражданӣ, барқарор намудани хоҷагии харобгаштаи ҷумҳурӣ таҳкурсии устувор гузошт.

Ин вокеи тақдирсоз имконият фароҳам овард, ки мо ба раванди барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи хокимият ва сохторҳои давлатӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани иқтисодиёт ва эҷоди санадҳои қонунии давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шурӯъ намоем.

6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия рӯйдоди дуюм буд.

Бори нахуст дар таърихи халқамон дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати буда, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.

Бо гузашти чанд соли дигар зарурати тағйир додани сохтори мақоми олии конунбарор пеш омад. Ва боз ҳам бо майлу иродаи халқ аввалин маротиба дар таърихи навини кишварамон Парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата мебошад, таъсис дода шуд.

Фаъолияти зиёда аз яксолаи Маҷлиси Олӣ собит намуд, ки чунин сохтори ҳокимияти қонунгузор ҷавобгӯйи манфиатҳои ҷомеа ва кишвар буда, барои сари вақт қабул кардани қонунҳо ва бо тақозои пешрафти ҳаёти кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ ба қонунҳои мавҷуда имкониятҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Бузургтарин дастоварди мо дар ин даҳ соли истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар натиҷаи даргириҳои маълуми дохили қариб як миллион ҳамватанони мо ҷойҳои зисти доимиашонро тарк намуда, гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуда буданд.

Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нахустин рӯзҳои барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар баробари ҷаҳду талоши зиёд баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат ба масълаи баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, бо манзил ва ҷойи кор таъмин намудани онҳо ва ҳифзи иҷтимоии бозгаштагон аҳамияти аввалиндараҷа медод.

Дар натиҷа бо кӯмаку дастгирии созмонҳои байналхалқӣ тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Афғонистону Покистон, Эрон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ватан баргардонида шуданд.

Пас аз музокироти тӯлонии Ҳукумат ва собиқ иттиҳоди мухолифин, ки қариб чил моҳ идома ёфта, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд, муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шавад. Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ин санади таърихиро бо хушнудӣ пазируфтанд ва рӯзи таърихии 27 июн бо Фаромони Президенти мамлакат иди умумимиллӣ эълон карда шуд.

Дар барқарор гардидани сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон пеш аз ҳама саҳми Созмони Милали Муттаҳид, Россияи бузург, Ҷумҳурии Исломии Эрон арзанда аст. Имрӯз бори дигар миннатдории халқи тоҷикро ба онҳо изҳор менамоям.

Дар тӯли солҳои нооромӣ гузашта дар Тоҷикистон чандин намояндагон ва кормандони созмону ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ба раванди сулҳи тоҷикон кӯмак мерасониданд, ба гаравгон гирифта шуданд ва чанд нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Имрӯз мо хотираи ҳамаи онҳоро ба некӣ ёд мекунем.

Кор ва номи онҳо дар хотири мардуми сипосгузори Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд.

Дар истиқрори сулҳ ва таъмини ризоияти миллӣ аъзои Комиссияи оштии миллӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, олимон, адибон, рӯзноманигорон ва тамоми шаҳрвандони ватандӯсту бонангу номуси ҷумҳурӣ нақши хеле равшан гузоштанд, ки ман имрӯз ба ҳамаи онҳо миннатдории худро баён менамоям.

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шуда, фарҳанги сулҳи ҷаҳонро хеле ғанӣ гардонид.

Агар гӯем, ки ниҳодани хиштҳои нахустини фарҳанги сулҳ дар миёни тарафҳои мухолиф аз рӯзҳои аввалини ба сари қудрат омадани Ҳукумати конститутсионӣ оғоз ёфт, хато намекунем.

Мо сулҳро дастгирию пуштибонӣ мекардему эҳсос менамудем, ки бо роҳи нав пеш меравем. Роҳе, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ то он рӯзҳо назир надошт ва барои тай кардани он ягон дастуру барномаи муайян ҳам набуд.

Таҷрибаи талхи ҷангҳои гражданӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Дар чунин вазъият одатан мамлакат ду тақсим мешуд ё ҳарифони сиёсию қувваҳои номатлуб бар асари таъқибот тарки Ватан намуда, роҳи ягон кишвари хориҷиро ихтиёр мекарданд.

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон нишон дод, ки агар тарафҳои даргир манфиатҳои олии Ватану миллатро ба мадди аввал гузоранд, монеаҳо дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ба зудӣ аз байн мераванд.

Сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар замоне ҳосил шуд, ки тарафҳои муқобил, сарфи назар аз кӯшишҳои ҷудоиандозии баъзе доираҳо ва бадхоҳони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар, як нуктаи асосиро дарк намуданд: агар ҷанг идома ёбад, генофонди миллати тоҷик нест мешавад, ки оқибати он заволи ҳам давлату ҳам миллати тоҷик хоҳад буд.

Маҳз дарки ҳамин масъулият барои тақдири Ватан ва миллат ба Ҳукумат ва собиқ оппозитсияи мусаллаҳи тоҷик имконият дод, ки онҳо дасти ҳам бигиранд ва сулҳи деринтизорро ба сарзамини хеш оранд.

Шояд дар саросари ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон намудани соли вопасини асри XX аз сулҳи беназири миёни тоҷикон сарчашма гирад.

Пас худ аз худ суоле ба миён меояд, ки мафҳуми фарҳанги сулҳ чист, он кадом хадафҳоро фаро мегирад ва барои мо чӣ сабақҳои тоза медиҳад?

Фарҳанги сулҳ, ба назари ман, шакли оқилона, дурандешона ва судбахши муносибати миёни давлатҳои ин ё он минтақа, робитаи мусолиҳатомези пешвоёни халқ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию мазҳабӣ дар доираи меъёрҳои қонунгузории дохилидавлатӣ ва умумибашарӣ мебошад.

Фарҳанги сулҳ — иродаи нек, майлу хоҳиши самимона, кӯшиши ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва ихтилофу низоъҳои сарзада дар сари мизи музокирот аст.

Фарҳанги сулҳ— аз тариқи сулҳу созиш ҳал намудани мушкилоти пешомада бо роҳи осоишта бе зӯроварию таҳдид, бе истифодаи силоҳ ва ҷангу хунрезӣ мебошад.

Фарҳанги сулҳ — қабл аз ҳама ба вуҷуд овардани фазои эътимоди байниҳамдигарӣ, эҳтироми рақиб, бо сабру таҳаммул омӯхтану дар мизони ақлу фаросат баркашидани афкору андешаҳои ӯ, гузашт карда тавонистан ба хотири пешомади нек ва манфиати ҷомеа мебошад.

Фарҳанги сулҳ— роҳи муросою сулҳу созиш дар асоси қонуну асноди амалкунанда, бо роҳу тадбирҳои расмию ғайрирасмӣ аз миён бурдани ихтилофу даргириҳо буда, аз сиёсатмадорону сарварони давлатҳо маданияти баланд, дасту дили пок ва инсофу адолатро тақозо мекунад.

Ва ниҳоят, фарҳанги сулҳ — ин муттаҳид намудани имконияту иқтидори давлатҳои олам ба хотири таъмини сулҳу амният ва бехатарии сокинони сайёра мебошад.

Мактаби фарҳанги сулҳи тоҷикон бо ҳама бурду бохтҳояш барои мо як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ гардид.

Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мо нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳоро пеш гирифта, қисме аз онҳоро амалӣ намудем. Ва боз даҳҳо ҳадафҳои бузурги созандагие дар пеш дорем, ки ба даҳсолаҳои оянда нигаронида шудаанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахши 10-солагии истиқлолият бо ифтихор мегӯем, ки ҳоло дар Тоҷикистони мо сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ ҳукмрон аст.

Акнун вазифаи муқаддаси ҳамаи мо дар ин марҳила пеш бурдани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди бонангу номусе, ки ояндаи давлат ва миллатро азиз медонад, бояд ба имконияту омилҳои аклонӣ ва моддии кишварамон такя карда, ба умеди дигарон нашуда, барои ободии Ватани азизамон саъю талош намояд. Заҳмате, ки мо имруз мекашем, на барои имрӯзиён, балки барои наслҳои ояндаи миллат, ба хотири ояндаи неки Ватан аст.

Дӯстони гиромӣ!

Яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз расидан ба истиқлолияти воқеӣ дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби кишварҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфузи зиёд доранд, ба расмият шинохта шуд.

То имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 128 кишвари олам ба расмият шинохтааст. Аз он ҷумла 98 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 44 давлат сафирони муқим ва ғайримуқими худро ба Тоҷикистон таъин намудаанд.

Маълум аст, ки кулли кишварҳои мутамаддин дар сиёсати хориҷии худ ба баъзе самтҳо афзалият медиҳанд.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва як қатор созмонҳои дигар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати мо хоҳад буд.

Узвияти Тоҷикистон дар ин созмонҳо ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар мувофиқ ва ҷовобгӯ аст. Мо ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо созмонҳои байналҳалқӣ ва минтақавӣ давом ва густариш хоҳем дод.

Дар масъалаи робитаҳои дуҷониба мехоҳам махсус таъкид намоям, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Россияи бузург ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ рӯз то руз густариш меёбанд. Мо чунин мешуморем, ки Федератсияи Россия кафили сулҳу оромӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё мебошад.

Мо бовар дорем, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва робитаҳои илмиву фарҳангӣ бо Россия барои ҳарду ҷониб фоидаовар хоҳанд буд.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ва Украина низ рӯз то рӯз қавитар мегарданд. Пас аз сафарҳои расмӣ ба ин ду кишвар заминаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун гузошта шуданд.

Тоҷикистон манфиатдор аст, ки бо кишварҳои ҳамсояи худ Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон муносибатҳои беғаразона ва дустона дошта бошад.

Мо нақши кишварҳои Ғарб ва пеш аз ҳама Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро дар ҷаҳони имрӯза дуруст дарк менамоем. Раванди пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии ҷомеаи ҷаҳониро бе иштироки ин кишварҳо тасаввур кардан имкон надорад.

Тоҷикистон манфиатдор аст, ки бо ин кишварҳо дар оянда низ муносибатҳои мӯътадил ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта бошад.

Мо бо Ҷумхурии Халқии Хитой муносибатҳои қавии дӯстона ва ҳамсоягии нек дорем. Ҳоло марҳилаи ҳамкориҳои доманадор бо Ҷумҳурии Халкии Хитой фаро расидааст ва мо мехоҳем, ки аз имконоти ин марҳила барои пешрафти иқтисодии кишварамон ҳарчи васеътар истифода барем.

Аз ҳамсояҳои мо, мутаассифона, вазъият дар Давлати Исломии Афғонистон ҳамоно ташвишовар аст. Натиҷаҳои фаъолияти миёнаравӣ, ки асосан таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид сурат мегиранд, қаноатбахш нестанд.

Тарафҳои даргир дар Афғонистон бояд бифаҳманд, ки проблемаи кишварашон роҳи ҳаллу фасли низомӣ надорад.

Бинобар ин, тарафҳои мухолиф ҳар қадар зудтар сари мизи музокирот нишинанд, ҳамон қадар барвақттар пеши роҳи бадбахтиҳое гирифта мешавад, ки барои наслҳои ояндаи халқи афғон ва сарнавишти ин давлат анҷоми фоҷиабор дорад.

Тарафҳои даргир набояд сабақҳои таърихи муборизаи гузаштагонашонро барои истиқлолият, ба хотири ҳифзи тамомияти арзии кишвари худ ҳадди ақал дар ду асри охир фаромӯш кунанд.

Ҳалли сиёсӣ ва мусолиматомези проблемаи Афғонистон пеш аз ҳама аз худи мардуми афғон вобаста аст. Тақдири мамлакат, ҳифзи ягонагӣ ватамомияти арзии кишвар дар дасти худи миллатҳо ва қавмҳои сокини он аст.

Мардуми озодихоҳи афғон набояд ба осиёби бозиҳои сиёсии дигарон об резанд.

Онҳо барои расидан ба мусолиҳаи миллӣ метавонанд таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро омӯзанд.

Илова бар ин бори дигар таъкид менамоям, ки идома ёфтани ҷанг дар Афғонистон ба амнияти на факат Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ ва дунё хатар дорад. Яъне то замоне, ки дар тамоми қаламрави ин кишвар оромӣ таъмин нашавад, дар бораи осоишу амнияти минтақа сухан рондан маънӣ надорад.

Тоҷикистон бо кишварҳои нимҷазираи Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои ҳамвор ва дӯстона дорад. Пешравиҳо дар рушду густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дигар кишварҳои ин минтақа назаррасанд.

Солҳои охир робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла бо Япония ва Кореяи Ҷанубӣ густариши тоза пайдо карданд.

Дар марҳилаи имрӯза, ки Тоҷикистон ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт машғул аст, таҷрибаи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои мо хеле муфид хоҳад буд.

Тоҷиқистон муносибатҳои ҳамвор ва дӯстонаро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои араб ва Туркия идома ва густариш медиҳад. Бовар дорем, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва робитаҳои фарҳангии мо бо ин кишварҳо ояндаи хуб доранд.

Дар масъалаи робитаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд махсус таъкид намоям, ки мо омодаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳастем. Зеро ҳаҷм ва суръати равобити мо, ки солҳои дароз фақат дар доираи муносибатҳои фарҳангӣ маҳдуд мешаванд, роҳбарияти давлати Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад. Ба ибораи дигар, мо робитаҳои иқтисодиро дар ҷойи аввал мегузорем. Ин мавқеи усулии мост.

Дар тӯли даҳ соли истиқлолият Тоҷикистон чун субъекти муносибатҳои байналхалқӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳони соҳиби мавқеи хоси худ гардид.

Бо ташаббуси мо 20-уми декабри соли 2000-ум аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид кабул шудани резолютсияи “Соли 2003—Соли байналхалқии оби тоза” далели равшани эътирофи мавқеи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Дӯстони арҷманд!

Барои пойдории истиқлолияти навин ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавони соҳибистиклоламон лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд.

Гузашта аз ин, мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусалахона, қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ бетаъхир таъсис додани артиши миллиро тақозо мекард.

Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддию техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои ихтисосманди фармондиҳӣ гузошта шуд.

Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иқтисодӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ таъмин намудани артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳ ҳал намуд.

Тоҷикистон бо чандин давлати ҳамсоя—Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон сарҳадҳои тӯлонӣ дорад.

Мо аз ибтидо кӯшидаем, ки бо ин кишварҳо ва дигар давлатҳои ҳамҷавор муносибатҳои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҳамсоягиро ба роҳ монем.

Аммо вазъияти шадиди сарҳадҳои Афғонистон, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин воқеаҳои дигари ногувори сарҳадҳо, аз ҷумла убури ошӯбгарони мусаллаҳ ба марзи Тоҷикистон моро водор карданд, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳем.

Имрӯз бо вуҷуди душвориҳои иқтисодию иҷтимоӣ афсарону аскарони Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ якҷоя бо қисмҳои сарҳадбони Федератсияи Россия, ки марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳимоя мекунанд, аз ӯхдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ—ҳифзи боэътимоди сарҳадҳои Ватани азизамон сарбаландона мебароянд.

Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташаккул ва такмил ёфта, дар ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдор намудани сохти далатдории мо ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор корҳои такмилу азнавсозӣ анҷом дода шуданд, ки барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ накши равшан гузоштанд.

Бо дарназардошти хатари ҷиддие, ки вобаста ба кочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2000-ум Агентии назорати маводи нашъадор таъсис дода шуд.

Агентии мазкур, ки муассисаи мустақили назди Президент аст, дар роҳи амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи мубориза бо нашъамандӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазоратҳо ва идораҳое, ки ба масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар машғуланд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз Тоҷикистон аз рӯйи ошкор ва дастгир намудани қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Ман борҳо таъкид кардаам, ки нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ имкон дорад оқибат ба фоҷиаи талхи миллӣ табдил ёфта, ба солимии генофонди миллат ва ояндаи давлат тахдид намояд.

Бинобар ин, бар зидди ин вабои аср на танҳо Агентии назорати маводи нашъадор, мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва сохторҳои қудратӣ, балки тамоми нерӯи солими ҷомеа бо ҳамаи усулу воситаҳои имконпазир бояд мубориза барад.

Маводи мухаддир, ки аз Афғонистони ҳамсоя тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба дигар минтақаҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад, танҳо проблемаи Тоҷикистон нест. Қочоқи маводи мухаддир имрӯз ба проблемаи глобалӣ табднл ёфтааст. Бинобар ин, барои ҳалли он тамоми нерӯҳои солиму фаъоли ҷомеаи ҷаҳон бояд муттаҳид шаванд.

Ҳамзамон хотирнишон месозам, ки кишвари мо маводи мухаддир истеҳсол намекунад.

Оламиён медонанд, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат аст, ки релефи вазнин ва душвордоранд. Дигар ин, ки мамлакати мо бо сарҳади тӯлониаш бо Афғонистон нақши минтақаи буферии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мебозад.

Бо вуҷуди ин ҳама, мо омода ҳастем, ки бо тамоми кишварҳои манфиатдор ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ намоем. Тоҷикистон ҳанӯз чанд сол пешташкили минтақаи амниятро дар атрофи Афғонистон ҳамчун яке аз роҳҳои пешгирии қочоқи маводи мухаддир аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда буд. Вале қочоқи маводи мазкур ҳамоно давом дорад.

Агар ин кор минбаъд низ идома ёбад, мо чораҳои дигарро низ то ҳадди бастанн гузаргоҳҳои байнисарҳадие, ки барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ташкил шудаанд, меандешем.

Дар тӯли солҳои истиқлолият Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин дар назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон кумитаҳои андоз ва гумрук таъсис ёфтанд, ки имрӯз ҳамчун сохторҳои мукаммал дар асоси қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.

Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқук, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо, ки бар асари қонуншиканиҳои соли 1992 фалаҷ шуда буданд, тағйироти ҷиддӣ ба амал омад ва дар шароити истиқлолияти давлатӣ вазифаи мақомоти прокуратура барои таъмини қонуният хеле васеъ шуд.

Лекин дар таъмини мақсади гузоштаи мо, яъне волоияти қонун фаъолияти аз ин ҳам хубтару бештари мақомоти прокуратура тақозо мешавад.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар системаи судии ҷумҳурӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд.

Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуд, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон принсипи тақсими ҳокимиятро ба се рукн: ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд эълон кард. Бо ин икдом ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустакил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд.

Чунки адолати том ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, вазорату идораҳо, муассисаю созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Барпо кардани ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ дорад.

Аз ин лиҳоз, фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замона ва асноди байналхалқӣ мутобиқ гардонида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд.

Декабри соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсиси Шӯрои адлия тақозои замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ мебошад. Мақоми мазкур ба давом додани ислоҳоти судӣ ва ташаккули фаъолияти онҳо бевосита мусоидат менамояд.

Дӯстони азиз!

Ҳарчи зудтар татбиқ намудани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, барқарор кардану ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, ворид намудани технологияи пешқадами замонавӣ, самарабахш гардонидани фаъолияти сохаи агросаноатии мамлакат ва бо ин роҳҳо муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ омили муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Бо дарки ин масъалаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷустуҷӯйи роҳҳои истиқрори сулҳ вазифаи таҳаввулоти иқтисодиро дар асоси принсипҳои бозорӣ ҳаллу фасл намуд, зеро танҳо ба ҳамин восита ҷумҳуриро аз бӯҳрони амиқ бароварда, оқибатҳои муқовимати шаҳрвандӣ ва офатҳои табиии дар Тоҷикистон рӯйдодаро бартараф намудан мумкин буд.

Ҳанӯз соли 1991 мамлакати мо яке аз аввалинҳо шуда, гузаришро ба принсипҳои муносибатҳои бозорӣ шурӯъ кард.

Аммо бар асари ҷанги гражданӣ ин ҷараён якчанд муддат ба ақиб партофта шуд. Зиёни муқовимати шаҳрвандӣ ба 7 миллиард доллари амрикоӣ расида, ҳамзамон зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат қурбон шуда, даҳҳо ҳазор хонаҳо сӯхта, ҳазорҳо иншоотҳои хоҷагӣ хароб гардиданд. Чунин талафоти калонро Тоҷикистон шояд дар давраҳои мудҳиштарини таърихи худ аз сар нагузаронида буд.

Барои муқоиса ёдовар бояд шуд, ки дар тамоми давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 90 ҳазор сарбозони Тоҷикистон ба ҳалокат расида буданд.

Бар замми ин, аз касофати ҷанги таҳмилшуда мо, аввалан, бар хилофи ҷумҳуриҳои дигар, баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ аз таксимоти моликияти умумииттифоқӣ бенасиб мондем, сониян, баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар давраи бесарусомонӣ фурсатро ғанимат шумурда, моликияти пурқиммат, аз ҷумла техника, дастгоҳҳои нодир ва ғайраро аз Тоҷикистон берун бурданд, ки зиёни ин аз зарари ҷанги гражданӣ камтар нест.

Танҳо баъди мӯътадил гардидани вазъи сиёсӣ имконият фароҳам омад, ки ба ислоҳоти механизмҳои хоҷагидорӣ суръат бахшида, доир ба пешрафти иқтисодиёт тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд.

Сарфи назар аз тадбирҳои иқтисодии солҳои 1994— 1995 андешидаи Ҳукумат тамоюли пастравии иқтисодиёт идома меёфт. Даҳҳо ва садҳо корхонаҳои калони саноатии ҷумҳурӣ аз кор монда, ҳазорҳо одамон ҷойи кори худро аз даст доданд.

Бозори истеъмолии кишвар низ хароб гардида, дар бозорҳои мамлакат дарёфти маҳсулоти оддии озукаворӣ ва сермасриф мушкил буд. Афзоиши нарх ва паст гардидани даромади аҳолӣ ба камшавии чандинкаратаи истеъмоли маҳсулоти асосии озуқа оварда расонд.

Фикр мекунам, ки мардум то ба ҳол навбатҳои зиёдро барои дарёфти нон дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат фаромӯш накардаанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чунин шароит амиқ дарк намуд, ки ҳалли масъалаҳои душвори иҷтимоию иқтисодии мамлакат танҳо бо роҳи ислоҳоти бунёдии иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсолии ҳаёти ҷомеа имконпазир аст.

Аз ин рӯ, яке аз санадҳои аввалини Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт Фармони 3 декабри соли 1994 “Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи таъмиқи бозсозиҳои иқтисодӣ ва тезонидани ҷараёни гузариш ба муносибатҳои бозорӣ” буд, ки ба ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.

Дар татбиқи ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ дар моҳи майи соли 1995 ба муомилот баровардани асъори миллӣ— рубли тоҷикӣ марҳилаи муҳим гардид.

Моҳи октябри соли 2000-ум бошад пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ки ин тадбир низоми нави пулии мамлакатро дар пояи анъанаҳои миллию фарҳангии халқамон асос гузошт.

Гуфтушунидҳои мо бо роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи байналхалқии молиявӣ, роҳбарони кишварҳои донор дар вохӯриҳои машваратӣ дар Париж ва Токио имкон доданд, ки барои барқарор намудан ва инкишоф додани инфраструктура, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ ва кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат қариб 500 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шавад.

Солҳои охир мамлакати мо ба кори ташкилотҳои байналхалқии молиявию кредитие таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, ки барои барқарор сохтани системаи энергетикӣ, беҳбудии таъминоти об, рушди шабакаи роҳҳо, алока, телекоммуникатсия, беҳбудии ҳолати мелиоративии заминҳо, сохтмони мактабҳо, беморхонаҳо ва ғайра қарзҳои имтиёзнок медиҳанд.

Ин ба мамлакат имкон медиҳад, ки барои ҷалби васеи сармогузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ шароити зарурӣ фароҳам орад.

Дар айни ҳол мо аз соли 2000-ум ба ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ шурӯъ намудем, ки ҳадафи он такмили минбаъдаи системаи идоракунӣ мебошад.

Сохторҳои кӯҳна бояд таҷдиди назар гардида, ба системаи нави иқтисодӣ мувофиқ карда шаванд.

Барои иқтисодиёти марҳилаи гузариш баланд бардоштани сатҳи касбии дастгоҳи давлатӣ, танзими системаи пешрафти хизматӣ, ба хизматчиён омӯзонидани усулҳои нави таҳсил ва коргузорӣ аҳамияти махсус дорад.

Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 соли истиқлолият давраи ниҳоят вазнинро аз сар гузаронд.

Ҳаҷми истеҳсолот дар давраи солҳои 1997—2000-ум нисбатан боло рафт. Ҳоло саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 80 соҳа ва намудҳои истеҳсолот иборат буда, аз истеҳсоли қувваи барқ то саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро фаро мегирад.

Соҳаи аз ҳама пешбари саноат металлургияи ранга мебошад. Маҳсулоти заводи алюминийи Тоҷикистон имрӯз низ ба 15 кишвари хориҷии дуру наздик содир карда мешавад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги металлҳои қимматбаҳо аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ корхонаҳои муштараки истеҳсоли тилло — “Зарафшон”, “Дарвоз” ва комбинати маъдани Адрасмон, ки хокаи сурбу нуқра истеҳсол мекунад, фаъолият доранд.

Дар заминаи комбинати маъдани Анзоб захираи нави маъдани сурма кашф гардидааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба кори кашфу коркарди захираҳои металлҳои қимматбаҳо ва канданиҳои фоиданок таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ҷумҳурӣ ба шарофати фаровон будани манбаъ ва захираҳои об соҳаи гидроэнергетика нисбатан хуб тараққӣ кардааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сохтмони иншоотҳои энергетикӣ диққати махсус медод ва ин соҳа дар оянда низ мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор хоҳад дошт.

Аз рӯйи манбаъҳои умумии захираҳои потенсиалии об ҷумхурии мо дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи дуюм қарор дорад. Истеҳсоли умумии қувваи барқ бо истифодаи ҳамаи дарёҳо метавонад 300 миллиард киловатт-соатро ташкил намояд.

Дар давоми солҳои истиқлолият ҳар сол 16 миллиард киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд. Лекин то ба имрӯз мо худро бо нерӯи барқ пурра таъмин карда наметавонем.

Аз ин рӯ, вазифаи асосӣ ва стратегии мо дар ояндаи наздик ба итмом расонидани нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва давом додани сохтмони неругоҳи барқии Роғун мебошад.

Иҷрои ин вазифа, боз таъкид мекунам, барои ҷумҳурии мо аҳамияти стратегӣ дорад. Зеро танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намуда, иқтидори корҳонаҳои саноатӣ ва комплекси агросаноатиро пурра ба кор андохта, содироти қувваи барқро ба хориҷа ба роҳ монем.

Ин тадбир барои воридоти иловагии асъор ба буҷети ҷумҳурӣ имконияти фаровон медиҳад.

Соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ муҳимтарин соҳаи истеҳсолоти моддӣ аст, ки аҳолиро бо маводи хӯрокворӣ саноатро бо ашёи хом ва мардумро бо ҷойи кор таъмин мекунад.

Дар солҳои гузариш аз хоҷагидории планӣ ба иқтисоди бозорӣ соҳаи кишоварзӣ низ босуръат тағйир ёфт ва ба татбиқи ислоҳоти аграрӣ рӯ овард.

Корхонаҳои иҷоравӣ, хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, ширкатҳои хоҷагии қишлоқ, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ ба вуҷуд омаданд.

Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзие, ки дар бахши ғайридавлатии иқтисодиёт истеҳсол карда мешавад, ҳоло ба 67 фоиз, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ ба 61 фоиз ва чорводорӣ ба 92 фоиз расидааст.

Барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти бахши ғайридавлатӣ татбиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷудо кардани 50 ҳазор ва 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон” нақши муҳим бозид.

Ин икдоми басо ҷиддие буд, ки дар таъмин намудани истиклолияти озуқаворӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошт.

Дар натиҷаи ин тадбир соли 2000-ум ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба 550 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1991-ум 81 фоиз зиёд аст.

Дар соҳаи комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ пешравиҳо ба назар мерасанд, вале ин ҳанӯз кам аст.

Мо бо ифтихор аз минбарҳои баланд мегӯем, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираю имкониятҳо кишвари бой аст. Вале, ба фикрам, кайҳо вақти он расидааст, ки аз сухан ва шиорҳои бодабдаба ба кори амалӣ гузарем.

Ба ҳамаамон маълум аст, ки пахтакорӣ ҳамеша яке аз соҳаҳои асосии ҷумҳурии мо буд. Вале биёед, боре бипурсем, ки то ин вақт ба мамлакат чӣ қадар технологияи нави коркарди пахта ворид карда шуд?

Тавассути технологияҳои нави пешқадам ҳаҷми коркарди пахта чӣ қадар афзуд? Агар мо инро оқилона ба роҳ монем, чӣ қадар ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд, даромад ба буҷет меафзояд ва ҳаҷми содиротии мамлакат зиёд мегардад.

Пӯшида нест, ки дар тӯли даҳсолаҳо Тоҷикистон ҳамчун манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт.

Акнун вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо ворид намудан ва дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани технологияи нав кишвари худро тадриҷан ба мамлакати содиркунандаи маҳеулоти тайёр табдил диҳем.

Дар ин самт, ҳамчунин дар офаридани навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ бояд олимону мутахассисони мо, пеш аз ҳама кормандони Академияи илмҳои кишоварзӣ нақши муҳим дошта бошанд.

Соли 2000-ум 336 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки пас аз коркард 108 ҳазор тонна нахи пахтаро ташкил дод.

Агар як тонна пахта дар шакли ашёи хом ба ҳисоби миёна бо нархи 1100 доллар ба фурӯш равад, пас дар шакли маҳсулоти тайёр ҳар тоннаи он тақрибан ба 4800 доллари амрикоӣ фурӯхта мешавад. Умуман, дар сурати коркарди пурмаҳсули пахта нисбат ба фурӯши маҳсулоти хом чор маротиба бештар фоида гирифтан мумкин аст.

Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар давлати соҳибистиқлол сохтмон ва бунёдкориҳо мебошад. Интихоби дурусти стратегияи тараққиёти ин соҳа бо дарназардошти вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар ва мавқеи ҷуғрофии объектҳои сохтмон барои имрӯзу ояндаи давлат аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Бо вуҷуди вазъияти душвори сиёсиву иқтисдии мамлакат баъди соли 1992 сохтмонҳои азими роҳи оҳани Қӯрғонтеппа—Кӯлоб, нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели мошингарди Анзоб, роҳи мошингарди Кӯлоб—Қалъаи Хумб—Хоруғ—Кулма, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркуниии роҳи оҳани Вахш—Ёвон шурӯъ гардида, аксари ин иншоотҳо дар кӯтоҳтарин муддат асосан бо қувваи мутахассисони худӣ анҷом ёфт.

Сохтмони ин иншоотҳо натанҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бисёр иншоотҳову манзилҳои харобгардида дар вилояти Хатлон ва водии Рашт барқарор карда шуд.

Ба итмом расонидани туннели мошингарди Анзоб барои таъмини иртиботи доимии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва роҳи Кӯлоб—Қалъаи Хумб—Мурғоб—ағбаи Кулма барои вусъати робитаҳои байналхалқии Тоҷикистон аҳамияти бузургдорад.

Мо сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда ва туннели Анзобро ба хотири таъмини истиқлолияти иқтисодӣ

 ва энергетикии кишвар мақсади афзалиятноки худ эълон кардаем. Аз ин рӯ, минбаъд тамоми имкониятхои худро ба сохтмони иншоотҳои мазкур равона хоҳем кард.

Мо мақсад гузоштаем, ки дар оянда аз Душанбе ба воситаи Ғарму Ҷиргатол ба вилояти Оши Қирғизистон ва ба хотири пайвастан ба шоҳроҳҳои Россия боз як роҳи мошингард созем. Инчунин сохтмони роҳои мошингарди дигар аз Исфара ба вилояти Боткенти Қиргизистонро низ ба нақша гирифтаем.

Ҳадафи стратегии мо аз бунёди ин роҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон аст.

Дӯстони мӯҳтарам!

Яке аз муҳимтарин соҳаҳои сиёсат ва фаъолияти ҳар давлат ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ба шумор меравад.

Ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз соли 1993 вобаста бо тағйироте, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва давлатдории мо ба амал омаданд, оғоз гардида, то ин дам як силсила санадҳои қонунгузории нав қабул карда шуданд.

Мушкилоти мувақкатии иҷтимоиву иқтисодии солҳои охир, ки оқибати даргириҳои маълуми дохилианд, моҳиятан ба таъминоти нафақаи шаҳрвандон таъсири манфӣ расониданд.

Лекин ҳоло Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ баҳри таъмини ҳифзи иҷтимоии нафақагирон чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозори, ки зарурати ислоҳотро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ба миён овардааст. Ҳукумат пешгирӣ кардани пастшавии сатҳи зиндагии қисми камбизоати аҳолӣ, такмил додани сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии нафақаро яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ медонад.

Аз ин рӯ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ислоҳоти соҳаи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1999-2015 тасдиқ карда шуд ва татбиқи ин Консепсия аз рӯйи Барномаи махсус ба роҳмонда мешавад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъминоти кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нафақахӯрон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камбизоат ҳанӯз хеле паст аст. Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон бовар дошта бошанд, ки ин масъала зери назорат қарор дорад ва мо кӯшиш хоҳем кард, ки таъминоти маошу нафақаро тадриҷан беҳтар намоем.

Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки шарти аввалини болоравии сатҳи таъминот бо маош, нафақа ва дигар кӯмакҳои иҷтимоӣ меҳнати садоқатмандона ва фаъолияти дилсӯзонаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Мо итминон дорем, ки бо татбиқи Барномаи миллии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар якчанд соли наздик ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва болоравии муайяни сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ хоҳем шуд.

Маълум аст, ки ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рӯҳан солим ташаккул меёбад. Бинобар ин ҳар давлати мутамаддин ба ҳифзи сиҳатии шаҳрвандони худ дикқати аввалиндараҷа медиҳад.

Мутаассифона, солҳои охир вобаста ба шароити вазнини иқтисодии аҳолӣ, сатҳи хизматрасонии тиббӣ коста гардид. Бинобар ин, зарурати ислоҳоти ин соҳа низтақозои замон аст.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ якчанд барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва муштарак таҳия гардидаанд ва татбиқ карда мешаванд.

Ба шарофати соҳиби истиклолият шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такдири занони тоҷик як саҳифаи тоза, як марҳилаи нав огоз гардид. Дар чанд соли охир масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бо саъю кӯшиши Ҳукумат ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонда шуд.

Дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила амал мекунад. Хотирнишон кардан кифоя аст, ки Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати баланд бардоштани нақш ва мақоми зан қабул гардидааст.

Икдоми Ҳукумат дар ин самт ба он асос ёфтааст, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати дунявӣ ва ҷомеаи мутамаддин муносибат ба масъал аи занон мебошад. Сониян, ҳоло шумораи занон дар мамлакат 52 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад, ки ин кувваи бузург аст. Аз ҳама муҳимаш дар мисоли Тоҷикистон гуфта метавонем, ки занон дар асл ҷонибдори давлатдории дунявианд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳими стратегӣ ва бехатарии давлат эълон кардааст.

Ман чандин маротиба бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ вохӯрда, проблемаҳои ҳаёти онҳоро муфассал баён карда будам. Баъзе аз онҳо то андозае ҳалли худро ёфта истодаанд.

Таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон, қабул шудани Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ва Барномаи миллии ҷавонон далели таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумат ба проблемаҳои насли ҷавон мебошад. Умеди мо аз ҷавонон хеле калон аст.

Наврасону ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расанд, барои аз худ кардани дониш ва касбҳои гуногуни замонавӣ азму талош кунанд, бо дастовардҳои технологияи навтарин ошно гарданд, забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисиро омӯзанд, ба қадри истиқлолият ва Ватани хеш расанд ва барои ҳифзи он ҳамеша тайёр бошанд.

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки дар шуури наврасону ҷавонон эҳсоси кавӣ ва устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд кори падарони худро идома диҳанд ва ба Ватану давлати хеш соҳибӣ кунанд.

Дӯстони гиромӣ!

Пешрафти ҳар миллат ва шукуфоии ҳар давлат усулан ба маърифату дониши ҳар фард ва дар маҷмӯъ ба сатҳи фарҳангии ҷомеа вобастагии қавӣ дорад.

Ба давлати тозаистиқлоли мо проблемаи ислоҳоти ҷиддии соҳаи маориф, аз нав дидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, амалӣ намудани дигаргуниҳои сохторӣ, фароҳам овардани заминаи нави меъёрҳои ҳуқуқӣ, сиёсати иқтисодӣ ва молиявии соҳа пеш омад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи маориф”, солҳои охир Консепсияи мактаби миллӣ, стандартҳои давлатии маълумоти миёнаи умумй ва стандартҳои давлатии маълумоти олии касби тасдиқ карда шуд.

Дар давраи истиқлолият бояд китобҳои дарсӣ ва воситаҳои дигари таълимие ба вуҷуд оварда шаванд, ки ҷавобгӯйи талаботи замони нав бошанд.

Яъне мазмуну мундариҷаи онҳо бояд баёнгари ҳуввияти миллӣ, инъикоскунандаи анъанаҳои таърихӣ ва талқинкунандаи ғояҳои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бошанд.

“Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид, ки ин имкон медиҳад соҳаи маориф бо анъанаҳои таърихӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ иртиботи қавӣ дошта бошад.

Ҳоло дар натиҷаи ҷалб намудани инвеститсияҳои хориҷӣ бо мақсади ривоҷи соҳаи маориф дар мамлакат як қатор лоиҳаҳо ба амал бароварда шуда истодаанд, ки то соли 2005-ум бояд ба анҷом расанд.

Умуман, тавассути ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ барои лоиҳаҳои соҳаи маориф 32,5 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ин маблағ 5,4 миллионаш аллакай азхуд гардид.

Дар зарфи даҳ соли истиқлолият бо вуҷуди нооромиҳо ва душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷумхурӣ миқдори мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз 3300 то 3600 афзуд.

Дар баробари мактабҳои маъмулӣ таълимгоҳҳои намуди нав — литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, мактабҳои хусусӣ, литсей ва гимназияҳои муштарак ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти худро дар назди омӯзгорон ва толибилмон хуб эҳсос мекунад.

Яъне ғамхорӣ ба соҳаи маориф маънои ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлатро дорад.

Бинобар ин бояд пуштибонии давлат аз системаи маориф пайваста афзуда, барои беҳтар гардидани шароити кори муаллимон ва рӯзгори онҳо мусоидат намояд.

Яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф ба таври бунёдӣ баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Ба ин маънӣ, маориф дар маркази сиёсати давлат қарор хоҳад дошт.

Шароиту воқеияти нав ва вазифаҳое, ки истиқлолияти давлатамон пеш гузошт, зарурати таҳияи стратегияи инкишофи илмро тақозо мекунанд.

Солҳои охир, сарфи назар аз душвориҳои моддиву иқтисодӣ, раванди дар ҳаёт ҷорӣ намудани дастовардҳои илм афзоиш меёбад ва ин раванд ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии халқ накши назаррас мегузорад.

Муассисаҳои илмии Академия натиҷаҳои тадқиқоти худро ба ҳаёти мардум ва истеҳсолоти ҷумҳурӣ наздик карда истодаанд ва мо умедворем, ки минбаъд низ барои рушди саноату кишоварзӣ ва сатҳи маънавию фарҳангии мардум мусоидат менамоянд.

Мо дар навбати худ, ҳамеша ба масъалаҳои инкишофи минбаъдаи илми ватанӣ, пеш аз ҳама, илмҳои дақиқ, соҳаи саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика, инчунин тарбияи кадрҳои миллӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиётамон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши кадрҳо эътибори ҷиддӣ хоҳем дод.

Мо кадрҳои нави миллиро бояд тавре тарбия намоем, ки ба талаботи давру замон ҷавоб гуфта, минбаъд Тоҷикистонро дар байни кишварҳои аз лиҳози илму технологияи пешрафта муаррифӣ карда тавонанд.

Дӯстони арҷманд!

Тамоми таърихи инсоният, ба маънои васеи ин мафҳум, аз эҷоду офариниши фарҳанг иборат аст.

Фарҳанги ҳар миллат оинаест, ки симои воқеии ӯ дар он инъикос меёбад. Барои ҷомеаи мо низ дар оинаи фарҳангиамон симои худро шинохтан ва дар он нақши миллию инсонпарваронаи таърихамонро барҷаста намудор кардан бояд аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои замони истиклолият бошад.

Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои асили фарҳангӣ буда, дар эҷоду офариниши рукнҳои тамаддун, арзишҳои фарҳангӣ ва инкишофи илму дониш таҷрибаи бойи таърихӣ андӯхтаанд.

Зарурати вахдати мардумони ориёинажод тақрибан се ҳазор сол қабл аз ин фарҳанги авестоиро ба вуҷуд оварда буд.

Ва мо ҳамчун меросдорони воқеии ачдодони худ дар баробари ҷашни истиқлолият 2700-солагии кадимтарин намунаи осори китобии худ — “Авесто”-ро таҷлил мекунем.

Ба ин муносибат конференсияи илмии байналмилалӣ ороста шуд, ки олимони авестошиноси мо ва ҳамкасбони онҳо аз кишварҳои дуру наздик табодули назар карда, аз аҳамияти таърихиву фарҳангии ин ёдгории безавол сухан ба миён оварданд.

Аз ҷониби дигар, мехоҳам таъкид намоям, ки ба фарҳанги гузаштагон рӯй овардан набояд ба ғурури ноҷо ва муқобилгузории фарҳангҳо, хусусан фарҳанги тоисломӣ бо фарҳанги исломии халқи мо боис гардад.

Эътиқоди мо ба дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ набояд боиси инкор кардани ёдгориҳои фарҳангии тоисломии халқамон ва рӯй гардондан аз онҳо шавад.

Дар айни ҳол мо бояд зиракии сиёсӣ, заковати фитрӣ ва дурандешию мавридшиносиро аз даст надода, ба равандҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза, ки баъзан чун зилзилае ин ё он гӯшаи сайёраро такон медиҳанд, баҳои муносиб дода, роҳи дурусти пешрафтро бехато интихоб карда тавонем. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва минтақаи геополитикӣ дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дорад.

Мардуми мо аллакай як маротиба оқибати фоҷиабори ба инобат нагирифтани анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги ҷомеаи Тоҷикистон ва зарари бегонапарастию идеологияи таҳмилии кишварҳои манфиатдорро аз сар гузаронд.

Мо бояд ҳисси ифтихори миллӣ, масъулияти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва осори таърихии худро дошта бошем. Алалхусус, олимону зиёиён, муаррихону фарҳангшиносон ва дигар ашхоси огоҳу бедордил набояд дар ҷавоби кӯшишҳои ғасб намудану чун мероси халқи худ ба қалам додани осори фарҳангию адабии ниёгони тоҷикон хомӯшу бетараф исганд.

Дар равандҳои глобалии асри XXI, ки дар саросари дунё идома доранд, нигоҳ доштани симои хоси фарҳангӣ ва дастовардҳои маънавӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, амнияти фарҳангии мамлакат аз аминияти миллӣ ва давлатӣ макоми камтар надорад.

Миллати тоҷик се зарбаи басо мудхишу пурфоҷиаи таърих — истилои юнону мақдуниён, истилои араб ва истилои муғулу кӯчманчиёнро наси сар намуда, ҳазор бор гирифтори беадолатию таъкибот гаштааст.

Мо бояд аз гузаштаҳои дуру марҳилаҳои наздики давлатдорӣ ва соҳибистикдолии тоҷикон сабақ омӯзем, ба такдири миллату дастовардҳои фарҳангии ӯ беэътиноӣ накунем.

Таваҷҷӯҳи хосаи ҳамаи мо ба ҷашнҳои ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100- солагии таъсиси давлати Сомониён, 960-солагии Ҳаким Умари Хайём, 2700-солагии “Авесто” гувоҳи эҳтирому арҷгузории мо ба илму адабиёт ва фарҳанги халқамон мебошад.

Таҷлили ин гуна ҷашнҳои илмию фарҳангӣ аз як тараф нишони гиромидошти мероси гузашта бошад, аз ҷониби дигар, ба хизмати имрӯзу фардо кашидани он мерос ба хотири тарбияи ахлоқӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон аст.

Дар оғбзи марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ва истиқлолияти миллӣ таҷлил шудани 1100-солагии давлати Сомониён ва ба ин муносибат бунёд гардидани муҷтамаи пуршукӯҳи бузургтарин намояндаи ин сулолаи ҷовидон — Исмоили Сомонӣ рӯйдоди ниҳоят муҳим буд. Хизмати бузурги Исмоили Сомонӣ дар он аст, ки ӯ суннатҳои давлатдории миллии тоҷиконро эҳё намуда, давлати бузургеро ба вуҷуд овард, ки як ҳавзаи паҳновари муттаҳидкунандаи миллати тоҷик ва омили ривоҷи бемислу монанди илму фарҳанг ва тулӯи ҷовидонаи забони тоҷикӣ гардид.

Низоми давлатдории Сомониён дар тӯли асрҳои зиёд дар бисёр мамлакатҳои Машриқу Мағриб мактаби идораи хирадмандона ва одилонаи давлат буд.

Аз ин рӯ, таърихи Сомониён як саҳифаи заррини таърихи миллати куҳанбунёди мост, вале дар айни замон баъди сад сол шикаст хӯрдани ин давлати бузург барои мо ҳушдорест аз қаъри асрҳо.

Танҳо баъд аз ҳазор соли барҳам хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон боз имконият ёфтанд, ки соҳиби давлати миллии хеш гарданд. Мо ба таърихи ниёгони худ бояд чун ба сарчашмаи ибратомӯз назар кунем ва аз он хатоиҳое, ки Дар замони онҳо рух доданд, сабақ гирем.

Мо ба гузашта ба он хотир рӯ меорем, ки роҳи ояндаи худро мунаввар кунем. Ман бо ин таъкид намуданӣ ҳастам, ки мо бояд ба қадри давлати миллию истиқлолияти он бирасем, онро аз дастдарозии ҳама гуна бадхоҳони миллати тоҷик ҳифз карда тавонем, якпорчагии мамлакат, ваҳдати миллӣ ва бақои давлати хешро таъмин намоем.

Ин аст сабақи асосӣ аз таърихи пурфоҷиаи миллати тоҷик, ки чандин бор давлатдориро аз даст дода буд, вале барои ғосибони аҷнабӣ дарси давлатдорӣ омӯхт ва ниҳоят дар фарҷоми асри XX ва остонаи ҳазораи нав парчами давлати миллии хешро аз нав барафрохт.

Таърихи ҳар халқу миллат мисли занҷирест, ки ҳалқаҳои онро аз ҳам гусастан имкон надорад.

Аз ин лиҳоз фарҳанг ва ҳастии имрӯзаи мо давоми бевосита, вале сифатан нави таърихи даврони шӯравӣ аст.

Ман дар мақолаву суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаам, ки ба таърих, фарҳанг ва илму маорифи он давра мо бояд воқеъбинона ва холисона баҳо диҳем. Сарфи назар аз фоҷиаҳо ва иштибоҳоти он замон, арзи ҳастӣ кардани давлате ба номи миллати тоҷик маҳсули давлатдории шӯравӣ аст.

Ин ҳақиқати таърихиест, ки инкор карданаш имкон надорад ва зарур ҳам нест.

Маҳз дар ҳамон давра халқи тоҷик қолабҳои асримиёнагии рӯзгори феодалиро шикаста, ба тарзи давлатдории дунявӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ пайваст, соҳиби муассисаҳои замонавии илму маориф, фарҳангу санъат гардид, бо дастгирии халқи бародари рус шаҳрҳо, заводу фабрикаҳо, роҳу каналҳо, корхонаҳои саноативу нерӯгоҳҳои барқӣ сохт. Чашм пӯшидан аз ин ҳама ва нодида гирифтани ин воқеияти таърихӣ ҳадди ақал аз рӯйи инсоф нахоҳад буд.

Мо дар замони истиқлол ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудем. Вале чароғи маърифат дар сарзамини мо хомӯш нашуд, балки фурӯзонтар гардид. Итминон дорам, ки ин чароғ ҳамеша роҳи моро ба оянда равшан хоҳад кард.

Дар ин рӯзи таърихӣ зарур аст, бори дигар аз рисолати тамаддунофаринӣ ва нақши муассире, ки зиёиён дар ташаккули маънавиёти ҷомеа ва ҳидояти мардум ба корҳои нек доранд, ёдовар шавем.

Ман дар мулоқоте, ки бо намояндагони зиёиёни мамлакат доштам, таъкид карда будам: зиёиён чароғи равшани маърифат ва нерӯи ақлонии ҳар кншвару давлатанд.

Бинобар ин, масъулияти аҳли илму фарҳанг барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ, пойдории сулҳ ва тарбияи наслҳои ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллию ватандӯстӣ нисбат ба ҳама қишрҳои дигари ҷомеа ниҳоят калон асг.

Бо дарки ин масъулият ва бо дарназардошти роҳе, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш гирифтааст, яъне роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявӣ зиёиён бояд илму фарҳангро пеш баранд, дар байни мардум тухми маърифат коранд, дар баробари таҳкими арзишҳои волои суннатӣ беҳтарин дастовардҳои кишварҳои мутамаддинро ба ҷомеаи мо ворид созанд, пешбарандаи ғояҳои пешқадами дунявӣ, ватандӯстию истиқлолиятпарварӣ ва худшиносии миллӣ бошанд.

Фаъолияти пурмӯҳтавои олимон, адибон ва хунармандон бояд ба шинохти замону дарки моҳияти давраи нави таърихи миллатамон ва таҳаввули фикрии ҷомеа мусоидат намояд.

Аҷдоди бофарҳанги мо ба хазинаи тамаддуни дунё саҳми босазо гузоштаанд ва ба ин васила миллати хешро некном сохтанд.

Рисолати азалии зиёиёни тоҷик ҳамин асг ва ман бовар дорам, ки зиёиёни имрӯза низ нерӯи ақлонии мамлакатамонро афзун мекунанд, ба кашфиётҳои нодири илмӣ муваффақ мегарданд, асарҳои шоистаи даврон меофаранд, санъатро ривоҷ медиҳанд. Бояд ҳар иқдоми зиёиён бо номи миллату Ватан ва ба хотири шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол шурӯъ гардад.

Тимсоли чунин хизмати олӣ ба миллату Ватани хеш осори миллатсозу талошҳои фидокоронаи устод Айнй, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода мебошад, ки бо унвони ифтихории Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.

Содиқона дӯст доштани Ватан, азиз шуморидани муқаддасоти миллӣ ва аз ҳозир омода шудан ба хизмати халқ мафҳумҳое мебошанд, ки насли мо бояд ба наврасону ҷовонон, яъне наслҳои оянда ҳамеша талқин намоем.

Дар ин кори хайр ҳама аъзои ҷомеа, пеш аз ҳама телевизион, радио ва умуман воситаҳои ахбори умум бояд саҳм гиранд.

Ҳоло бо саъю кӯшиши Ҳукумат тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо фазои ягонаи иттилоотӣ фаро гирифта шудааст. Чанд сол пеш намоиши телевизионро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ташкил кардем, ки ин орзӯи деринаи мардуми вилоят буд.

Акнун корро бояд тавре ба роҳ монем, ки корномаи наслҳои гузашта ва фидокориҳои имрӯзиён дар оинаи ҳақиқатгӯйи таърих дуруст инъикос гарданд ва барои тарбияи эҳсоси наҷиби ватандориву ватандӯстӣ, тақвияти ҳуввияти миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ хизмат намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Ниҳоли сулҳе, ки бо дасгирии халқ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони бошарафу фидоии миллат шинонда будем, сабзид, реша давонд ва чун дарахти тавонои вахдату дӯстӣ ба камол расид. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва осоиши кишвар мо ба марҳилаи нави зиндагй—марҳилаи созандагию бунёдкорй қадам гузоштем.

Халқи тоҷик, ки табиатан миллати созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст ва дар сиришти аҷдодии ӯ забткорию ҷангҷӯйй аслан набудааст, аз шарофати истиқлолият ба ниҳодани пойдевори давлатдории миллӣ ва бунёди иморати мӯҳташами ҷомеаи навин камар баст.

Албатта, ҳар қадами навбатию ҳар дастоварди тоза бароямон ба осонӣ муяссар намегардад ва мо хиштҳои навбатии иморати мӯҳташами истиқлолиятро бо заҳмати гарону азму талошҳои фидокорона болои ҳам мегузорем.

Даҳ соли истиқлолият нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурд.

Даҳ соли истиқлолият моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намуд ва аз шоҳраги он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва нерӯи солим дамид.

Даҳ соли исгиқлолият барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорй, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу вахдати миллй, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда вобастаанд.

Дар айёми фарорасии 10-солагии истиқлолияти мамлакат ва оғози ҳазорсолаи сеюм мо бо барномаи мукаммали бунёди ҷомеаи навин ба сӯйи садсолаи нав раҳсипор ҳастем. Ва имону эътимоди комил дорем, ки асри XXI барои халқи бофарҳанги тоҷик асри дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, асри комёбиҳои беназири илму фарҳанг хоҳад шуд.

Хиради азалӣ ва ҳуввияти худшиносии миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзӯву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.

Бо ҳамин эътимоду таманниёт мехоҳам суханронии худро ба итмом расонам ва бори дигар тамоми халқи азизам ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро бо ҷашни фархундаи 10-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрикутаҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори обод, сулҳу амонӣ ва сари баланд орзӯ намоям.

Ва бо ҳамин орзую умед аз рӯйи таомули суннативу миллии худ дасти дуо мебардорем, ки роҳат сафед, иқболат баланд, умрат ҷовидон ва давлатат поянда бод Тоҷикистони азиз!

Ташаккури зиёд!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520