Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нома ба ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

24.12.2001 15:00, шаҳри Душанбе

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воситаҳои ахбори омма, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо нома ирсол намуд.

Дар нома зикр гардидааст, ки раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воситаҳои ахбори омма, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бояд ба масъалаи аз эътидол зиёд истифода бурдани таърифу тавсифҳо, муболиға доир ба фаъолияти Сардори давлат ва насб кардани расмҳои ӯ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю биноҳо ва утоқҳои корӣ роҳ надиҳанд. Ҳамчунин навиштани китобу мақолаҳо дар бораи Президенти кишвар ва дигар асарҳои илмиву публисистӣ, ки аз ҷониби баъзе олимону адибон ба назар мерасад, бояд таҳти назорат гирифта шавад.

Роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо, васоити ахбори омма бояд ба талқини падидаҳои шахсиятпарастии шахси алоҳида, ки дар таърихи баъзе кишварҳо ҷой доштанд, ҳаргиз роҳ надиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520