Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар он чун анъанаи наврӯзӣ бо намояндагони сершумори аҳли зиё мулоқоти пурсамар анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои зебою замонавии нӯҳошёна ва боҳашамати Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки аз рӯ ба рӯяш шакли китоби кушодаро дорад, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардории аҳли илму фарҳанг ва мардуми донишандӯз қарор дод.

Тавре аён гардид, ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати ниёгон ва зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бинои Китобхонаи миллӣ нимпайкараи 22 чеҳраи намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯбакри Розӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Ибни Муқаффаъ (Рӯзбеҳ), Робияи Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ҷойгир шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити китобдорӣ, хизматрасонӣ ба мардуми китобхон ва дигар зоирони ин маркази бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ аст. 

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлисӣ аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 6 миллиону 200 ҳазор нусха маводи чопию электронӣ иборат аст.

Дар компютерҳои толори калони хониши электронии китобхона, ки 170 ҷойи нишаст дорад, 500 ҳазор китоби электронӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин тамоми толорҳои хониши электронӣ тавассути интернет бо беҳтарин китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита доранд, ки аз афзалиятҳои муҳими ин муассисаи бузург аст. 

Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. 

Аксари толорҳои хониш соҳавианд ва китобҳои зарурӣ дар худи толорҳо нигоҳ дошта мешавад, ки барои хонандагон басо мусоид аст. Бисёр намуди хизматрасониҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешавад. Аз ҷумла хонанда аз ҷойи нишасташ метавонад китоби зарурии худро тавассути шабакаи дохилии электронӣ дархост кунад ва дар муддати кӯтоҳ маводи фармудааш ба ӯ дастрас мегардад.
Толорҳои барои чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла конфронсу симпозиумҳо тарзе бино ёфтаанд, ки дар онҳо то ҳамоишҳои сарони давлатҳоро баргузор кардан имкон дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҷойҳои нишаст дар толорҳо, пурсамар истифода бурдани ҳар як метри масоҳати холимонда, бо нақшу нигори миллӣ оро додан ва бо гулу ниҳолҳои ҳамешасабзи хонагӣ пок нигоҳ доштани ҳавои дохили бино ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин дорои аҳамияти калони иҷтимоӣ аст, зеро шумораи танҳо кормандони хизматрасон, ки бо ҷойгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ бо компютерҳо таъмин мебошанд, ба 312 нафар мерасад. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо 520 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Бино бо воситаҳои замонавии ҳамлу нақли бор, экскалатор, лифт, камера ва таҷҳизоти дигари назорату мушоҳида, шабакаҳои электронии гармидиҳӣ, ҳаворасонӣ, шамолдиҳӣ, огоҳсозӣ аз хатари сӯхтор ва сӯхторнишонии автоматӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Китобхона, ҳамчунин дорои ошхонаю қаҳвахона бо 560 ҷой ва 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ мебошад.

Дар сохтори Китобхонаи нав, ҳамчунин созмондиҳии маҳфузгоҳҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо, марказҳо ва толорҳои нави хониш ба нақша гирифта шудаанд.
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани он барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин соҳа мусоидат карда, имкон медиҳад, ки дар радифи такмили фонди китобӣ бо адабиёти ниёзи хониш, низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ҷорӣ гардад. 

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони сершумори аҳли зиёи кишвар, ки дар яке аз толорҳои бузурги Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, аҳли толор ва мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонигаштаи Наврӯзи хуҷастапай ва ифтитоҳи ин махзани беҳамтои илму фарҳанг табрику таҳният гуфт.

Дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар сол 4 сентябр, ки соли 2007 аз ҷониби Сарвари давлат Рӯзи Китоб эълон гардида буд, дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки 4 сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда буд.

Дар ҷараёни суханронӣ ва суҳбатҳо бо аҳли зиё Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба вусъат додани фаъолияти эҷодӣ, бедор намудани завқи китобхонию фарҳангдӯстии мардум, ба хусус ҷавони кишвар ҳидоят намуда, изҳори боварӣ намуд, ки фаъол гардидани Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар раванди афзун намудани майлу рағбати аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва илмомӯзӣ нақши бузург мегузорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520