Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо хабарнигори маҷаллаи "Миллениум"

17.12.2001 15:00, шаҳри Душанбе

17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори маҷаллаи "Миллениум" мусоҳиб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба саволҳои хабарнигорон зикр намуд, ки баъд аз сарварии мамлакатро ба зимма гирифтанаш аз ягон принсипҳое, ки соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 уми Шӯрои Олии Тоҷикистон изҳор намуда буд, даст накашидааст. Сулҳу оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор гардида, рӯзгори мардум рӯ ба пешравӣ овардааст, таъмини якпорчагии сарзамини Тоҷикистон, ки аз вазифаҳои хеле душвор, вале тақдирсози Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, амалӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ зикр намуд, ки алоқаи таърихии худро бо халқҳои Россия, Аврупою Осиё таҳким мебахшад, амммо ҳамчунин барои ҳамкориҳои дуҷонибаю судбахш бо мамлакатҳои Атлантика, Чин, Ҷопон ва кишварҳои Шарқи Дур ҳамеша омода аст. Доир ба проблемаҳои минтақа таваққуф намуда, оид ба вазъи сиёсӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва саҳми Россия дар таъмини амнияти минтақа ва дурнамои амнияти дарозмӯҳлат кишвар, ки бо шарики стратегӣ ва иттифоқчии асосии он - Россия вобаста аст, ибрози ақида намуд.

Сардори давлат дар хотимаи суханаш ёдовар шуд, ки халқи Тоҷикистон барои кӯмаку дастгириаш дар давраҳои барои мамлакат душвор ва тақдирсоз аз халқи дӯст ва бародари рус ҳамеша изҳори миннатдорӣ менамояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520