Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо намояндагони як қатор воситаҳои ахбори умуми хориҷи кишвар

24.11.2001 17:00, шаҳри Душанбе

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони як қатор воситаҳои ахбори умуми хориҷи кишвар, аз ҷумла воқеанигорони телевизиони Австрия Лео Габриелл, рӯзномаи "Независимая газета"-и Россия Николай Плотников ва хабарнигори махсуси Ширкати радиошунавии он "Голос России" Роман Сусонк нишасти матбуотӣ доир намуд ва ба пурсишҳои мухталифи онҳо атрофи мавзӯоти мубрами ҳаёти имрӯзаи кишвар посух дод.

Сардори давлат, аз ҷумла ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба вазъияти минтақа, саҳми Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва амалҳои муштараки Тоҷикистону Федератсияи Россия дар ин самт, вазъи имрӯзаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ва нақши он дар ҳамкорӣ дар чорчӯбаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, роҳҳои ҳаллу фасли қазияи давомдори Афғонистон ва истифода аз таҷрибаи нодири сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли муноқишаи Афғонистон дар шароити кунунӣ, иқтидори истеҳсолию тавлидии Тоҷикистон ва захираҳои фаровони он дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус давлатҳои Иттиҳоди Аврупоӣ ба иқтисодиёти кишвар, роҳҳои густариш ва тавсияи равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ва дигар мавзӯот ҷавобҳои қаноатбахш гуфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520