Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни 90-солагии шоири бузурги халқи тоҷик Мирзо Турсунзода

30.10.2001 12:00, шаҳри Душанбе

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ҷашни 90-солагии шоири бузурги халқи тоҷик Мирзо Турсунзода, ки дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и пойтахт баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷашни ин арбоби маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, Шоири халқии Тоҷикистон раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимон ва адибони маъруфи кишвар ва меҳмонони хориҷӣ низ ширкат варзиданд.

Дар маҷлис Эмомалӣ Раҳмон маърӯза карда, фаъолияти эҷодии устод Мирзо Турсунзода, мақоми ин шоири шаҳирро дар роҳи густаришу ташаккули адабиёти муосир, хусусан назми тоҷик муфассал таҳлил намуд. Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд. ки Мирзо Турсунзода на ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи сулҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шӯҳрат дошт, ки ноил гардидани ӯ ба ҷоизаҳои байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, "Нилуфари Сафед" ва даҳҳо ордену медалҳои дигар далел буда метавонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520