Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

27.03.2017 17:32, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия иҷозат фармоед, табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намоям.

Муносибатҳо миёни кишварҳоямон дар тӯли 25 сол ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо рушд ёфтанд. Дар аввал тамосҳо дар асоси ҳусни ният ва эҳтироми мутақобила оғоз гардидаанд. Ба масофаи дури ҷуғрофӣ нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданагардидаи ҳамкориҳо мавҷуданд. Гувоҳии ҳамин гуфтаҳо сафарҳои мутақобилаи дуҷониба шуда метавонад.

Соли 2013 собиқ Президенти Австрия ҳамчун нахустин Сарвари давлати кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон боздид ба амал овард ва Шумо ҳам чанд маротиба ба Австрия ташриф овардед. Аз ин хотир, ман боварии комил дорам, ки муносибатҳои кунунии дӯстӣ дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Ба Австрия ҳамчун аъзои Иттиҳоди Аврупо арзишҳои аврупоӣ барои робитаҳои мо аҳамияти калон дорад. Австрия, ки нимаи дуввуми соли 2018 раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда мегирад ва мо диққати хешро барои таҳкиму густариши робитаҳои ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо равона хоҳем кард.

Соли равон Австрия раисии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш гирифт. Барои ин вазифаи байналмилалӣ ман ба мусоидат ва ҳусни таваҷҷуҳи Тоҷикистон умедворам.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо дар ин маснади олӣ муваффақиятҳо ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520