Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба Тоҷикистон

16.05.2008 19:00, шаҳри Гулистон

Тоҷикистону Қирғизистон байни худ анъанаҳои хуби ҳамсоягӣ ва ҳамкории пурсамар доранд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳои ҳарду кишвар мавриди арҷгузорӣ қарор доранд.

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нишони эҳтироми хоси ҳамсоягӣ ва меҳмоннавозии шарқиёна Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбодуҳавои шаҳри Қайроқум мулоқотҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гашт.
Маҷмӯи васеи масоили муносиботи дуҷониба ва минтақавии ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев баррасӣ шуд.

Онҳо аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъсисёбии Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷиро воситаи хуби ҳалли саривақтии масоили зарурӣ арзёбӣ карданд.

Сипас гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ҷараён гирифт.

Ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими робитаҳои мавҷуда ва густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, нақлиёт ва коммуникатсия, истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва маъданҳои кӯҳӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Таъкид гардид, ки баҳри истифодаи пурсамари захираву имконоти беканори муштарак ҳарду кишвари ҳамсоя бояд бо мувофиқату дастгирии ҳамдигар амал кунанд. Аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди мустақими Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон дорои дурнамои хуб арзёбӣ гардид.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба танзими муносибатҳои сарҳадӣ, ҳаллу фасли масоили истифодаи обу замин дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон зоҳир гашт. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри ҳалли одилонаи ин масоил ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои ҳамсоягӣ таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва омодагӣ ба мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми гуфтушунидҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев;

- Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Созишнома дар бораи муқаррар намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Нораки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қарокӯли Ҷумҳурии Қирғизистон.

Сипас сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев дар назди намояндагони васитаҳои ахбори умум изҳорот дода, аз натиҷаҳои гуфтушунидҳо арзи қаноатмандӣ карданд ва таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳайси ду кишвари дӯсту ҳамсоя ҳаргиз намегузоранд муносибатҳои бародарона ва ҳамшарикии гуногунҷанбаи онҳо халалдор гардад.

Аз фазои гарми мулоқоту сӯҳбатҳо, ба имзо расидани санадҳои муҳим ва оид ба бисёр масоили ҳалталаб ба мувофиқа расидани ду ҷониб нишона аз идома ва таҳкиму густариши муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ аст.

Қобили таъкид аст, ки бо шарофати сиёсати мусоиди минтақавӣ ва арҷгузорӣ ба муносибатҳои ҳамсоягӣ, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо амалӣ мегардад, дар давоми ҳафтаи ҷорӣ дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳасана бо ду давлати ҳамсоя – Қазоқистон ва Қирғизистон натиҷаҳои басо муассиру умедбахш ба даст омаданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520