Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Анҷумани тоҷикони дунё ва ҳамзабонони бурунмарзӣ

09.09.2001 14:00, шаҳри Душанбе

9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани тоҷикони дунё ва ҳамзабонони бурунмарзӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар оғози ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ, 10-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, таъкид сохт, ки иштироки меҳмонон аз гӯшаю канори ҷаҳон дар ин тантанаҳо аз ҳамдилӣ ва ҳамраъйии тамоми тоҷикони дунё дар роҳи таҳкими давлатдории миллии мо дарак медиҳад.

Дар анҷуман Оинномаи нави Анҷуман мавриди муҳокима қарор гирифт ва ҳайати нави Кумитаи иҷроия интихоб ва тасдиқ гардид. Дар ҷамъбасти ҷаласа, дар бораи баргузории Анҷумани 5-уми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ 7-уми сентябри соли 2002 қарор қабул карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Анҷумани тоҷикони дунё ва ҳамзабонони бурунмарзӣ, раиси Кумитаи тадорукоти ҷашн интихоб гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520