Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 10-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2001 12:00, шаҳри Душанбе

9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона, ки бахшида ба 10-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш иброз дошт, ки - "Имрӯз барои мардуми шарафманду соҳибфарҳанги Тоҷикикистон иди бузург аст, иди даҳсолагии истиқлолияти навини Точикистон, иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ - тоҷикон, иди барқароршаваии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати кӯҳанбунёди мо мебошад, ки бо вуҷуди анъанаи деринаи давлату давлатдории хеш бори дигар дар интиҳои асри ХХ истиқлолияти воқеиро соҳиб шудааст".

Тантанаҳои идона бахшида ба 10-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни расми гузашти низомӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи бошукӯҳ табрику муборакбод намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520