Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Украина Виктор Ющенко ба Тоҷикистон

07.03.2008 20:00, шаҳри Душанбе

Дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко баргузор гашт.

Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Виктор Ющенко барои кӯмаки беғаразонаи давлаташ баҳри бартарафсозии оқибатҳои зимистони сарду тӯлонии кишвари мо арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Украина аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Сарони давлатҳо барои таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳарду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки сафари расмии Президенти Украина ба Тоҷикистон ба ин раванд такони нав мебахшад.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, мошинсозӣ, металургия, саноати ресандагию бофандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, илму техника ва амнияту мудофиа аз самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар маънидод гашт.

Баррасии муфассали масоили ҳамкории гуногунҷанба дар мулоқоти сарони ду давлат бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Ҷониби Украина таъкид дошт, ки иҷрои дархостҳои пешинаи Тоҷикистонро баҳри сохтани агрегатҳои нерӯгоҳҳои обии барқӣ суръат бахшида, омода аст масъалаи қабул ва иҷрои дархостҳои навро низ баррасӣ намояд.

Таъкид гашт, ки аз 3 трубинаи барои таҷдиди нерӯгоҳи обии барқии Норак пешбинишуда якумаш аллакай моҳи апрели соли равон ба Тоҷикистон мерасад. Ду тои дигараш соли оянда фиристода мешаванд.

Тибқи қарордодҳои мавҷуда ва оянда нерӯгоҳҳои обии барқии Норак, Сарбанд, ва Қайроқум бо техникаю таҷҳизоти Украина таҷдид карда мешаванд, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Ҷониби Украина ба ҳамкорӣ баҳри рушди саноати ангишти Тоҷикистон ва таҷдид ва сохтмони марказҳои истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқ бо ангишт изҳори омодагӣ намуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории минбаъдаи ду кишвар ҳамчунин бунёди корхонаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли таҷҳизоти нерӯгоҳҳои миёнаю хурди обӣ, трансформаторҳои барқӣ ва техникаи кишоварзӣ дар назар дорад.

Тибқи мувофиқаҳои бадастомада давлати Украина ҳар сол ба Тоҷикистон барои харидории имтиёзии 150 ҳазор тонна равғани растанӣ ва ҳамин қадар шакар квота ҷудо мекунад. Ҳамчунин 30 квота барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии Украина ҷудо мегардад.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш омили таҳкимбахши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар арзёбӣ гардид.

Таъкид гашт, ки соли равон Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Украина» дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии «Украина - Тоҷикистон» дар Украина бояд фаъолияти худро аз нав оғоз намоянд.

Ҷонибҳо баҳри омӯзиши кадрҳо низ дар муассисаҳои олии таълимии ҳамдигар ба мувофиқа расиданд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри кушодани сафоратхонаҳои худ дар кишварҳои ҳамдигар таъкид доштанд.

Зимни музокироти расмӣ ҳамчунин атрофи масоили ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, авзои кунунии Афғонистону атрофи он ва рушди муносибатҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва дигар ташкилотҳои бонуфуз табодули назар карда шуд.

Виктор Ющенко аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Украина сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд. Вақти сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян мегардад.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко 10 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко;

Нақшаи кории Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009;

Протокол дар бораи мубодилаи тасдиқномаи Аҳднома оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина;

Протокол дар бораи мубодилаи тасдиқномаи Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба супурдани шахсони аз озодӣ маҳрумшуда барои иҷрои минбаъдаи ҷазо;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Созишнома байни Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина оид ба тартиби эътирофи мутақобилаи иҷозатномаҳои давлатӣ барои фаъолияти сохтмонӣ;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Маъмурияти давлатии вилояти Днепропетровски Украина;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сӯзишворӣ ва энергетикаи Украина;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сиёсати саноатии Украина;

Протоколи иловагӣ ба Нақшаи кории Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009 оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи металлургияи ранга ва нақлиёт байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сиёсати саноатии Украина;

Баъди маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко барои шумораи зиёди хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои музокироти расмӣ ва имзои санадҳои ҳамкорӣ қаноатмандӣ арза намуданд.

Виктор Ющенко муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт дорои дурнамои махсусан бузург маънидод карда, изҳор дошт, ки ҷониби Украина барои дубора ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудан аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода мекунад. Чунон ки ӯ изҳор дошт, Украина омода аст дар баробари ҳамаи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ҳамчунин дар консорсиуми байналмилалии сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун иштирок намояд.

Ҳарду ҷониб бо ҳамовозӣ изҳор доштанд, ки имрӯз барои ба ҳадди 3 баробар афзоиш додани ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот байни Тоҷикистону Украниа замина эҷод шуд.

Бинобар маълумоти ӯ Украина ҳамчунин омода аст, дархости Тоҷикистонро оид ба истеҳсоли 1000 вагони қатораҳои роҳи оҳан дар муддати 16-18 моҳ иҷро намояд.

Сарони ду давлат изҳорӣ боварӣ карданд, ки аз ин рӯз дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Украина марҳилаи сифатан нав оғоз мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520