Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо мухбири рӯзномаи "Труд"-и Федератсияи Россия Николай Плотников

06.09.2001 09:00, шаҳри Душанбе

6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мухбири рӯзномаи "Труд"-и Федератсияи Россия Николай Плотников дар бораи дастовардҳо, мушкилиҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ сӯҳбат орост.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки имрӯз тамоми ҷаҳон ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки баъд аз ҷанги хунин ва хусумати даҳшатнок тавонист тарафҳои муқобилро ба созиш оварда, дар кишвар фазои ороми сиёсиро ҳукмфармо намояд, ҳамчун рӯйдоди ибратомӯз баҳо медиҳанд.

Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар давоми 10 соли истиқлолият мӯътадил гардида, истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилии кишвар дар давоми чор соли охир 20 фоиз, маҳсулоти саноат 23 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 12,5 фоиз афзуд. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи дурнамои миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз се давлатҳои дунё мебошад, ки барномаи мукаммали паст кардани сатҳи камбизоатиро таҳия намудаанд ва онро Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи "Труд" зикр намуд, ки теъдоди воситаҳои ахбори умуми хусусӣ дар Тоҷикистон торафт меафзояд ва рӯзноманигорони хориҷӣ низ метавонанд озодона ба ҷумҳурӣ рафтуомад кунанд. Муносибати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар заминаи дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба сурат мегирад. Тоҷикистон ба густараши равобити амалии мутақобила бо шарики стратегии худ - Россия дар ҳамаи самтҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вазифаи асосии имрӯзаи ҳамкории мутақобила ба сатҳи ҳамкориҳои сиёсиву ҳарбӣ бардоштани муносибатҳои иқтисодӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сӯҳбат ба проблемаҳои пешгирии паҳн гардидани маводи нашъаовар дар тамоми ҷаҳон, масоили вобаста ба сарҳади Афғонистону Тоҷикистон, ки роҳи асосии қочоқи маводи нашъаовар маҳсуб мегардад, оид ба имзо расидани қарордоди ташкили пойгоҳҳои низомии Россия дар Тоҷикистон ва саҳми марзбонони Россия дар пешгирии қочоқи маводи мухаддир дахл намуда, нақши Россия ва ИМА - ро дар таъмини амнияти минтақа хеле муҳим арзёбӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520