Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

04.09.2001 14:00, шаҳри Душанбе

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 10-солагии истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи калони намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, ки нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолию эҷодӣ ва пешравиҳои беҳтарини касбӣ доранд, мукофотҳои давлатӣ супорид.

Эмомалӣ Раҳмон қабл аз супоридани мукофотҳо ҷамъомадагонро ба шарафи иди истиқлолияти ҷумҳурӣ табрик намуд.

"Ҳукумати мамлакат аз хизмати онҳое қадрдонӣ менамояд, ки дар тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ҳифз намудан ва эҳё сохтани анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои мардумӣ ва пешрафти илму фарҳанг саҳми арзанда мегузоранд", зикр намуд Сардори давлат.

Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ботантана ба намояндагони илму фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, соҳаҳои кишоварзию саноатӣ барои хизматҳо, корнамоиҳои меҳнатӣ, офаридани асарҳои баландғоя, навоварӣ ва ихтирооташон орденҳои "Дӯстӣ", "Шараф" (дараҷаи дуюм) ва медалҳои "Хизмати шоиста" супурд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми супоридани мукофотҳои давлатӣ ба саҳми мукофотонида-шудагон дар истиқрори сулҳу осоиш, бунёди ҷомеаи ҳақиқатан ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ баҳои баланд дода, онҳоро даъват намуд, ки барои боз ҳам ободтар гардидани мамлакати азизамон ва истиқболи арзандаи 10-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ самарабахш меҳнат кунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520