Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2001 14:00, шаҳри Душанбе

30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир кард.

Дар маҷлис масъалаҳои муҳим, аз қабили ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимаи аввали соли 2001, нақшаи иҷрои буҷет дар ин давра, масъалаи кадрҳо, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи "Экспо-2005" дар Ҷопон, таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Австрия "Анзоб" ва масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда баъзе соҳаҳо ба дастовардҳои мусбат ноил гардиданд, вале бо вуҷуди ин то ҳанӯз фаъолияти баъзе вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қаноатбахш нест. Сарвари давлат дар ин замина муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти ҷумҳуриявӣ ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифдор намуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520