Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

20.07.2001 16:00, шаҳри Бохтар

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф овард.

Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти корхонаҳои "Алишер", "Баракат", "Саодат", "Алӣ", "Меҳровар" ва ғайра мароқ зоҳир намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ ва дорусозӣ шинос гардида, барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти онҳо маслиҳатҳои муфид дод.

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти саҳомии "Трансформатор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа боздид ба амал оварда, бо фаъолияти корхонаи мазкур ва истифодаи оқилонаи иқтидори он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯз 90 фоизи иқтидори корхона истифода намешавад.

Сарвари давлат ба масъалаҳои бо ашёи хом таъмин намудани корхона, ташкили корхонаҳои муштарак дар иртибот бо Федератсияи Россия, роҳҳои беҳтар намудани сифати маҳсулот ва зиёд кардани ҳаҷми содироти мол ба хориҷи кишвар диққати махсус дод.

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ташриф овард.

Дар ин Донишгоҳ аз рӯи 13 ихтисос беш аз 4000 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ масъалаҳои тайёр кардани мутахассисон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техникаи компютерӣ ва воситаҳои дигари техникӣ, зиёд кардани маоши муаллимон, таъмири биноҳои таълимӣ ва мувофиқи мақсад истифода бурдани имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти саҳҳомии "Ресанда"-и шаҳри Қурғонтеппа боздид ба амал овард.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии мазкур таваҷҷӯҳи роҳбарони онро ба бунёди ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самарабахши иқтидорҳои истеҳсолии он ҷалб намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин боздид ба роҳбарони Вазорати молия ва Бонки миллӣ супориш дод, ки масъалаи ҷудо намудани маблағ ва пайдо намудани манбаи маблағгузориро ҷиҳати афзудани иқтидори корхонаи мазкур ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баррасӣ намоянд.

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон, инчунин ба қисми ҳарбии рақами 07017-и Вазорати мудофиа ташриф оварда, бо ҷараёни хизмат ва шароити зисти аскарону афсарони он шинос шуд.

Ҳангоми мулоқот бо аскарону афсарон оид ба таъмини амнияту оромӣ ва таҳкими сулҳ дар кишвар, ки саҳми Артиши миллии Тоҷикистон низ дар он кам нест, сухан ронд ва ба гурӯҳҳои фармондеҳӣ оид ба беҳтару ҷолибтар кардани шароити хизмати аскарони қаторӣ супоришҳои дахлдор дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520