Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд

14.07.2001 17:00, шаҳри Хуҷанд

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи сафар дар маҷлисгоҳи Ҳукумати вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ҳукумати вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, мақомоти низомӣ ва муҳофизони қонуну тартибот машварат доир намуд. Дар машварат рафти иҷрои фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат, ҷаласаҳои машваратӣ, дархостҳои дар мулоқот бо зиёиёни кишвар зикргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти кишвар ба роҳбарони сохторҳои вилоят дар бобати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, саривақт ва босифат иҷро кардани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дастурҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакатро дар ин сафар муовинони Сарвазир Қозидавлат Қоимдодов, Фаридун Муҳиддинов ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ҳамроҳӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520