4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Намояндагии комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Майкл Хамфризро, ки қароргоҳи доимиаш дар Қазоқистон мебошад, қабул намуд.
Майкл Хамфриз ҷумҳурии моро яке аз шарикони асосии Комиссиияи Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ номид.
Дар рафти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба паҳлӯҳои васеи ҳамкориҳо бо комиссияи номбурда ва дурнамои онҳо дахл кард, балки барои мураттабсозии ҳамдастии умум дар кори мусоидат ба роҳи ҳалли сулҳомези мушкилоти Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.