Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Франсуа Жерар Жорж Олланд ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия

07.05.2012 18:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Франсуа Жерар Жорж Олланд ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия табрикнома ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро бифиристам.

Ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.

Боиси қаноатмандист, ки бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳамёрии созанда ба роҳ монда шудааст ва онҳо рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.

Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз Франсия равобити ҳасана ва ҳамкориҳои мутақабилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.

Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520