Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

25.03.2017 16:10, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи сафари корӣ ба як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи "Ваҳдат"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд.

Дар боғи "Ваҳдат", ки чанд сол қабл бо ибтикороти наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфта буд, ҷашни аҷдодии халқҳои ориёитабор-Наврӯзи некпай, ки ҳамакнун мақоми байналмилалиро касб кардааст, ин иди бостонӣ комилан бо шаҳомати махсус таҷлил шуд. Зеро аз як ҷониб табиати афсункори ин боғ ва аз тарафи дигар таҳияи русуми аҷдодӣ аз тарафи бошандагони ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, базмгоҳи наврӯзиро дар ин мавзеъ диданиву фараҳафзо ва хотирмон сохтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинону меҳмонони сершумори маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суханронӣ карда, бори дигар кулли ҳамватанон, сокинони вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои давлати соҳибистиқлоламон соли бобарор ва амалишавии иқдомҳои наву созандаро орзу карданд.

Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки "Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад. Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кӯмак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд". 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи нутқи пурмуҳтавои хеш, махсусиятҳои ин ҷашни зебоиро таъкид карда, зикр доштанд, ки "боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз қабили бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани дилҳо аз кинаву адоват, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбанд". 

Дар ниҳояти суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  хонаву кошонаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза тамано карданд. Қисмати интиҳоии маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пешкаш кардани маросими ботантанаи идона, зери унвони "Корвони наврӯзӣ" ташкил дод. "Корвони наврӯзӣ" , ки маротибаи дуюм аст дар вилояти Суғд доир мегардад, бо шаҳомати тоза ва сатҳи баланду арзанда ҷараён гирифт.

Тибқи иттилои дастандаркорони ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ бештар аз 6 ҳазор нафар ҷалб гардиданд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотимон буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520