Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ

24.03.2017 10:23, шаҳри Исфара

Дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзиданд.

Сокинони шукргузор ва ваҳдатсарои шаҳри Исфара Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шаҳомати махсус ва рӯҳияи идонаи наврӯзӣ пазироӣ карданд.

Лозим ба зикри хос аст, ки иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Бояд гуфт, ки ин гӯшаи шаҳр нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву иқдомоти бунёдкорӣ ба як минтақаи муносиби истироҳатӣ ва сайргоҳи бошандагони шаҳри Исфара табдил дода шуд.

Тибқи нақшаҳои меъмории тасдиқгардида, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бунёди дарвоза-даромадгоҳ, фаввора ва шаршараҳо, минбар - нишастгоҳи бо тарзи миллӣ кандакоришуда роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва сабзазору кабудизоркунии ҳудуди боғ бо масоҳати 2,8 гектар сурат гирифт.

Дар ҳамин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфиддини Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфиддини Исфарангӣ бардошта, ба фаъолияти ин боғ оғози расмӣ бахшиданд.

Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ аз зумраи шоирони номовари адабиёти тоҷикӣ-форсии садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирӣ мавқею мақоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст.

Зикр рафт, ки арзиши умуми Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, асосан бунёди он тариқи ҳашар бо дастгирии корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша ва аҳолии шаҳраку деҳоти Исфара сурат гирифтааст. Умуман масоҳати зери таҷдид ва азнавсозӣ қароргирифтаи боғ 3,3 гектар буда, аз он зиёда 8000 метри мураббаъ масоҳати майдону роҳравҳо мебошад. Пудратчии асосии азавсозии боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», «Асри Х», инчунин ҶСК «Шабакаҳои барқии Исфара», Қитъаи обтаъминкунии обу ташноб буда, фармоишгари иншоот Шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи шаҳр маҳсуб меёбад.

Баъд аз анҷом ёфтани маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Сайфуддини Исфарангӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳри Исфара ва намояндагони доираҳои адабӣ суханронӣ карда, бошандагони ин шаҳри бостониро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи арзандаи наврӯзӣ унвон карданд.

Дар суханронии Сарвари давлат перомуни нақши шоиру мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ, рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин шаҳри агросаноатӣ, ҳамкории густурдаи давлат бо бахши хусусӣ, пешрафти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи туризм дар шаҳри Исфара ибрози андеша сурат гирифт.

Дар ниҳояти чорабинӣ дар иртибот ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ барномаи мукаммали консертӣ доир шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520