Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода

21.03.2017 10:16, шаҳри Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ карданд.

Тантанаҳои асосии таҷлили Наврӯзи ҷаҳонии хуҷастапай дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор шуда, дар он фаъолони кишвар, намояндагони зиёиёни мамлакат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ва сокинони шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми шарафманди тоҷик, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Наврӯзи фархундаву оламафрӯз - ҷашни бедории табиат самимона табрику таҳният гуфтанд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Наврӯз дар давоми таърихи беш аз панҷҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози худ мазмуни амиқу васеи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст. Бо дарназардошти ҳамаи хусусиятҳои неки инсонпарваронаи ин ҷашни аҷдодӣ пешниҳоди созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби беш аз 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва қатъномаи махсуси ин созмони бонуфузи сайёра оид ба додани мақоми байналмилалӣ ба Наврӯзи аҷам қабул гардид.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди он дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки идомаи суннатҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон  мебошад.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷашни байналмилалии наврӯз ва кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо фарорасии иди ниёгон табрику шодбош гуфтанд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ва намоиши театрикунонидашуда ба ифтихори наврӯзи оламафрӯз, ки аз ҷониби устодони санъати ҷумҳурӣ ва ҳунармандони шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд таҳия гардида буд, пешкаши меҳмонону иштирокчиёни тантанаҳои идона карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520