Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

09.03.2017 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони кишвари дӯсти Афғонистон бар асари ҳамлаи силоҳбадастон ба бемористони низомӣ дар шаҳри Кобул боиси андуҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.

Мо ин амали ғайриинсонии интиҳориёнро шадидан маҳкум карда, бори дигар зарурати муборизаи беамону муташаккилонаи дастаҷамъонаро алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қотеона таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520