Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш

02.03.2017 19:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният дастрас гардидани табрикоти самимии Шуморо  ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамоям.

Шинохти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷараёни эътирофи истиқлолияти давлатии кишвари моро аз ҷониби дигар аъзои он вусъат бахшида, барои воридшавии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Мо нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварит худ баланд арзёбӣ менамоем.

Тайи солҳои сипаришуда имкониятҳои ин минбари умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди ибтикороти умдаи дархӯри ниёзмандиҳои ҳамаи башарият, бахусус дар соҳаи об, мавриди истифода қарор дошт.

Боиси қаноатмандист, ки ҳамшарикии мо бо сохторҳои фаръию махсусгардонидашуда ва агентию муассисаҳои он тадриҷан васеъ гардида, имрӯз дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор қарор доранд.

Изҳори итминон менамоям, ки ин санаи муборак ба марҳалаи ҷадиди рушди муносибатҳои мо ҳусни оғоз хоҳад бахшид.

Мо омодаем, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорем».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520